Гулракат Мирзоева, модари Далерҷон Мирзоев, яке аз гумонбарони ҳамла ба “Крокус Сити Холл” ба РИА “Новости” гуфтааст, ки писараш бо мақомоти Тоҷикистон ҳеҷ мушкиле надошт.
Вай дар суҳбати видеоӣ мегӯяд, ки Далерҷон “бачаи оддӣ ва аз оилаи деҳқони камбағал” асту дар кишвар корҳои ночиз мекард, ки маошаш танҳо ба пули хӯрок мерасид.
Тавре дар манобеи боз дар бораи ӯ маълум аст, Мирзоев Далерҷон Баротович 23-юми ноябри соли 1991 дар ноҳияи Рӯдакии Ҷумҳурии Тоҷикистон таваллуд шудааст. Ба гуфтаи дӯстонаш, ӯ дар деҳа ба воя расида, ба ҷуз аз мактаби миёна таҳсили дигаре нагирифтааст. Вай пештар доғи судӣ надошт.
Гуфта мешавад, ки ӯ аз соли 2011 борҳо ба Русия сафар кардааст. Давоми солҳои 2011-2013 борҳо қонуни муҳоҷиратро нақз карда, барои зиндагиву фаъолияти бе ҳуҷҷат боздошт ва ба ҷавобгарӣ кашида шуда, барои ихроҷи минбаъда дар боздоштгоҳи муваққатӣ ҷойгир шудааст.
Мирзоев ба ҳайси ронандаи таксӣ ва нақлиёти ҷамъиятӣ дар шакли нопурра кор карда, дар зодгоҳаш шаҳодатномаи ронандагӣ гирифтааст. Пас аз омадан ба Русия корашро дар хадамоти таксӣ идома дода, то соли 2021 дар Маскав дар ширкати “Яндекс.Такси” кор карда, мошини “Рено Логан”-ро аз як соҳибкори Маскав иҷора гирифта буд.
Ба зикри модараш, ду рӯз пеш аз ҳамлаи террористӣ, 20-уми марти соли 2024, бори охир ба модараш занг зада гуфтааст, ки кораш бад аст ва пас аз чор рӯз ба хона бармегардад.
Ба иттилои манобеи наздик ба хонаводааш, ӯ оиладор аст ва чор фарзанд дорад. Фарзанди калониаш соли 2017 таваллуд шуда, миёнааш як сол хурдтар аст. Ду нафари хурдтарин дугониканд, ки дар охири соли 2022 таваллуд шудаанд.
Бародари ӯ Равшанҷон Мирзоев низ дар Русия кор мекард ва соли 2016 ба Сурия рафтааст. Ӯро таҳти пайгард қарор дода, Бонки миллии Тоҷикистон ба рӯйхати афроди марбут бо терроризм дохил кардааст.
Соли 2020 марги ӯ аз манобеи ғайрирасмӣ маълум шуд ва соли 2022 занаш бо марди дигар издивоҷ кард.
Падари онҳо Мирзоев Бароталӣ гуфтааст, ки мақомоти ҳифзи ҳуқуқ зуд-зуд ба аёдати хонавода меоянд ва суҳбатҳо мегузаронанд. Ӯ аз иттиҳомоти зидди Далерҷон дар ҳайрат монда, қайд кардааст, ки писараш дар артиш хидмат накарда, истифодаи силоҳро намедонад. Вай, инчунин, ҳеҷ гоҳ бо бародараш тамос надошт.
Ҳамсояи онҳо ба хабаргузории РИА “Новости” гуфтааст, ки пас аз хабари ширкати эҳтимолии шавҳараш дар ҳамлаи террористӣ зани Далерҷон аз ҳуш рафта, дар реаниматсия қарор гирифт.
Сабти нахустин бозпурсии Далерҷон Мирзоевро рӯзноманигор Маргарита Симонян нашр карда, ӯро роҳбари гурӯҳ номид. Дар он боздоштшуда тавассути тарҷумон бо тоҷикӣ посух дода, мегӯяд, ки тақрибан як моҳ бо Муҳаммад Файзов дар як хобгоҳ дар Маскав зиндагӣ мекард ва ҳамзамон дар ҷустуҷӯи кор будааст. 10-12 рӯз пеш аз ҳамлаи террористӣ ӯ дар Telegram бо Абдулло шинос мешавад ва ӯ дар хариди мошине кумак кардааст, ки Мирзоев дар он ба ҳайси ронандаи таксӣ кор карданӣ буд. Қаблан ин мошин ба наздикони Абдулло тааллуқ доштааст. Боздоштшуда бори аввал бо онҳо ҳангоми муомилае, ки рӯзи 14-уми март сурат гирифт, мулоқот кардааст.
Рӯзи 24-уми март дар додгоҳи Басманийи шаҳри Маскав нахустин мурофиаи додгоҳӣ бо ширкати Мирзоев баргузор шуд. Ӯ ва се гумонбари дигар - Муҳаммадсобир Файзов, Саидакрами Рачабализода ва Шамсидини Фаридун ба содир кардани амали террористӣ дар ҳайати гурӯҳи шахсон (банди “б”, қисми 3, моддаи 205-и Кодекси ҷиноятии Федератсияи Русия) муттаҳам шуданд.
Бо қарори додгоҳ Мирзоев то 22-юми май ба ҳабс гирифта шуд. Илова бар ин, додгоҳ хабар дод, ки муттаҳам ба гуноҳи худ комилан иқрор шудааст. Дар изҳороти додгоҳ гуфта шудааст, ки “Мирзоев дар ҳайати як гурӯҳи муташаккили мусаллаҳ дар тирпарронӣ ба сӯи шаҳрвандони Федератсияи Русия, ки дар бинои “Крокус Сити Холл” ҳузур доштанд, иштирок намуда, баъд аз он айбдоршаванда бинои Крокус Сити Холлро оташ задааст».
Рӯзи 28-уми март “Росфинмониторинг” номи Мирзоев ва се гумонбари дигарро ба феҳристи террористону ифротгароён ворид кард.