Гулноза Хоҷаева, наттоқ ва ҳунарпешаи ҷавонро дӯстонаш бо нашри чанд акс дар либоси арӯсӣ ба муносибати оиладоршавиаш табрик карданд.
Дар аксҳо дида мешавад, ки Гулноза воқеан либоси арӯсӣ дорад ва дар чанд намуна бо ҷавони дигаре акс гирифтаанд. Хонандагони сомона пурсиданд, ки оё воқеан Гулноза шавҳар кард ва минбаъд силфилафилми “Хусури ман”, ки ӯ қаҳрамони марказиаш аст, бидуни ӯ чӣ гуна мешавад?
Яке аз дӯстони наздики ӯ дар суҳбат бо мо ин ҳолатро шарҳ дод. Ӯ гуфт, Гулноза дар фотосесияи тарғиби либосҳо бо як хонаи мӯди либосҳои арӯсию домодӣ ҳамкорӣ дорад ва либосҳое, ки пӯшидааст, тарғиботианд.
“Дар масъалаи либоси арӯсӣ бошад, онҳо қисми навбатии силсилафилми “Хусури ман”-ро сабт карда истодаанд. Аз рӯи сенария дар ин қисм бояд Зайнаб, яъне Гулноза бо яке аз қаҳрамонҳои филм – Эмин (Набиҷон Пирматов) ё Сангалӣ (Абдухалил Бӯриев) хонадор шавад. Ин образ аз ҳамон нақш аст ва худи Гулноза ҳоло оиладор нест. Филм, ки баромад, бинандагон худашон ҳамаашро мефаҳманд”, - гуфт ӯ.
Филми “Хусури ман” яке аз сериалҳои сертамошобини тоҷикӣ аст, ки диққати кулли мардумро ба худ кашидааст. Муаллиф ва коргардони ин филми ҷаззоб Набиҷон Пирматов буда, яке аз нақшҳои асосӣ -Зайнабро дар он Гулноза Хоҷаева бозидааст.
Бояд гуфт, ки Гулноза Хоҷаева феълан ба сифати барранда дар телевизони “Баҳористон“ кор мекунад. Ҳамзамон, ҳамчун блогнавис, модел ва ҳунарпеша фаъолият дорад.