Баъди чанд лаҳза ҷоизадорони Бозиҳои олимпии Париж - 2024 вориди шаҳри Душанбе мешаванд. Дар саҳни фурудгоҳ мо бо модари муштзани номдор Давлат Болтаев суҳбат кардем.
Гулнора Болтаева, модари ин варзишгари номдор гуфт, рӯзи муҳориба тамоми хешу таборашон дар назди оинаи нилгун буданд, вале худаш натавонист рафти муҳорибаҳо мустақим бубинад.
"Ман дар назди телевизор нишаста, фақат дуо кардам. Он қадар ҳиссиёт ҳаяҷон доштам, ки наметавонистам муҳорибаро тамошо кунам. Фақат дуо мекардам, ки Давлатҷон номи кишварамонро боло бардорад. Ҳар лаҳза мепурсидам, ки чӣ шуд ва баробари писарам ҳаяҷон доштам. Баъд такрорашро тамошо кардам", - бо ашки шодӣ нақл кард модари варзишгар.
Ӯ гуфт, ду фарзанд дошт ва ду сол қабл писари калонаш, ки аз бемории қанд ранҷ мебурд, аз олам даргузашт. Ҳоло ягона фарзандаш Давлат аст ва тамоми таваҷҷӯҳро ба ӯ равона кардааст.
"Акааш Давлатҷонро бисёр дастгирӣ мекард ва мехост, ки додараш чемпион шавад. Мутаассифона, ин рӯзро надид, аммо орзуяш амалӣ шуд", - гуфт ӯ.
Ёдовар мешавем, ки муштзани тоҷик Давлат Болтаев дар вазни то 92 кг дар даври нимниҳоии Бозиҳои тобистонаи олимпии Париж-2024 дар риштаи бокс шикаст хӯрд ва соҳиби медали биринҷӣ шуд.