Гулҷаҳон, сокини шаҳри Душанбе ба идораи ҳафтаномаи «Оила» омада, аз мо хостанд, ки бо овозхони дӯстдоштаи он кас Гуласал Пӯлотова сӯҳбате биороем. Хоҳиши ҳар як хонандаи ҳафтанома барои мо кормандон дар мадди аввал аст. Баъди хоҳиши Гулҷаҳон, дар ҷустуҷӯи Гуласал афтодем. Ба серкории худ нигоҳ накарда, бону Гуласал тавонистанд, то қадри имкон ба суолҳои мо посух бигӯянд. Инак, сӯҳбати моро дар матлаби зер мутолиа кунед.
Даричаи ошноӣ:
Ному насаб: Гуласал Пӯлотова (Gulasal Pulotova)
Рӯз, моҳ ва соли таваллуд: 28-уми марти соли 1988
Синну сол: 33-сола
Ҷои таваллуд: ноҳияи Спитамен, Ҷумҳурии Тоҷикистон
Бурҷ: Ҳамал
Касб: сароянда
Вазъи оилавӣ: оиладор ва соҳиби як духтарча бо номи Иқболхон
-Рӯз ба хайр, Гуласал! Аз «Оила» шуморо ташвиш медиҳем. Бо дархости мухлисонатон мехоҳем ин навбат дар меҳмонии ҳамдигар бошем, вақт доред?
-Ассалому алайкум! Албатта, вақт дорам. Марҳамат…
-Намехостам, ки сӯҳбати мо бо чунин савол оғоз шавад, вале ҳарчӣ зудтар донистан мехоҳам. Рост аст, ки шумо ба рағми шикастҳои зиндагӣ ва заҳри забони хушдоман рӯйи саҳна омадед?
-Шояд як сабабаш ҳамин бошад, шояд… Дар ҳаёти ман буданд, мушкилиҳои оилавӣ ва фикр мекунам, ки ҳама бо чунин камбудиҳо рӯ ба рӯ мешаванд. Ҳеҷ кас зиндагии идеалӣ надорад. Ҳамон вақтҳо, ки мисли имрӯз он қадар шинохта набудам, яъне ҳеҷ кас маро намешинохт, хушдоманам ҳар гуна суханҳои дағал мегуфтанду паст мезаданд. Боварӣ надоштанд. Ҳастанд одамҳое, ки як корро наметавонам гуфта, аз паяш намешаванд. Вале ман баръаксам. Метавонам гуфта, кӯшиш мекунам, ки аз ӯҳдаи ҳама кор бароям, зеро ба худ боварӣ дорам. Имрӯз мефаҳмам, ки аз гуфтаҳои худ пушаймонанд, вале дер шудааст. Хеле дер…
-Яъне, гуфтаниед, ки сароянда шудани шумо тасодуфӣ буд?
-Тасодуфӣ нест, вале мушкилиҳои рӯзгор низ сабаби санъаткор шудани ман нестанд. Ин орзуи кӯдакии ман буд, ки имрӯз амалияш кардам. Аз замоне ки худро мешиносам, орзуи санъаткор шуданро дар дил доштам.
-Бубинед, бо як-ду суруд тавонистед, ки муҳаббати халқро ба даст биёреду худро дар дили мардум ҷой кунед. Ин чӣ тавр шуд?
-На, маро як-ду суруд муаррифӣ накардааст. То ин як-ду суруд, ман камаш даҳ суруди дигар доштам. Вале ҳамин таронаҳои «Ғазал», «Суман» маро бештар муаррифӣ карданд ва аз беҳтарин сурудҳои репертуари ман ба ҳисоб мераванд.
-Шумо модар ҳастед ва дар баробари ин санъаткор. Барои тарбияи духтарчаатон вақти кофӣ пайдо карда метавонед?
-Вақт дорам, вале на ҳамеша. Хусусан, моҳҳои июн, июл ва август, ки тӯйҳо зиёду дар хизмати халқ ҳастам, фурсат намешавад. Дигар вақтҳо кӯшиш мекунам, ки бештар бо духтарчаам бошам. Дар лаҳзаҳои набудани ман модарҷонам набераашонро нигоҳубин мекунанд.
-Дар ҷевони либосҳоятон гаронарзиштарин либоси шумо чанд сомонӣ арзиш дорад?
-Як пироҳан дорам, ки матоъашро 5 ҳазор сомонӣ харида будам. Аз дӯхтан то омода шуданаш, ба фикрам 7 ҳазор сомонӣ шуда буд. Худатон медонед-ку, либосҳои занона аз мардона қимматтар ҳастанд.
-Бадеҳае, ки бо Шодмон Сулаймонӣ сароидед, идеяи кӣ буд ва чаро миёни мардҳои овозхон маҳз Шодмонро интихоб намудед?
-Як гурӯҳ мухлисони Зарафшонӣ ва Мастчоҳиям хоҳиш намуданд, ки дар жанри халқӣ ягон суруди ба дили мардуми ин минтақаҳо наздикро сароям. Баъд ман ба Шодмон, ки Коллеҷи санъатро пасу пеш хатм кардаему қариб ҳамкурсем, барои пайдо кардани оҳанги ба дил наздик муроҷиат кардам. Шодмон пас аз пайдо кардани оҳанг ва тайёр шудани суруд гуфт, ки бадеҳа сароем, хубтар мебарояд. Пешниҳодаш писандам омад ва ҳамин тавр сурудем. Сароидани Шодмонро дӯст медорам. Ҷавони боистеъдод аст. Ба ҳамин хотир ӯро интихоб намудам. Аз тарафи дигарон ҳам таклиф шавад, дида мебароем.
-Мегӯянд, ки Нигина Амонқуловаро рақиби худ медонед, ҳақиқат дорад?
-На апаи Нигина ва на дигар санъаткоронро ба худ рақиб намешуморам. Ҳар кас сабку услуби худро дорад. Равиши сурудхонии ман аз дигарон фарқ мекунад. Апаи Нигина ва ҳар санъаткоре, ки ба таври касбӣ месарояду истеъдоди воло дорад, ҳурмат ва сурудҳояшонро гӯш мекунам.
-Чаро дар консертҳоятон тариқи «фонограмма» баромад мекунед? Барои барпо кардани консерти зинда чӣ лозим аст?
-Ана ин саволи шуморо ман мунтазир будам. Консерти зинда аз консерти тариқи «фонограмма» баргузормешуда, фарқи калон дорад. Консерти зинда ба шунаванда ҳам хуш меояд, аммо маблағи зиёдро талаб мекунад. Барои баргузории консерти зинда давоми чор-панҷ моҳ ҳамроҳи се-чор ансамбл сурудҳои омодашударо машқ кардан лозим меояд. Ҳар як ансамбл камаш даҳ нафар навозанда дорад. Агар рӯзи кори ҳар як навозандаро 200 сомонӣ ҳисоб кунем, дар ҷор моҳ бинед, ки чӣ қадар мешавад? Ин дар ҳолест, ки нархи чиптаҳои мо гарон нестанд. Барои консерт боз ороиши саҳна ва сару либоси саҳнавӣ низ лозим аст.
-Як мухлисатон ба идораи ҳафтаномаи мо занг зада, сирри комёбии шуморо пурсид. Ӯ мегӯяд, ки Гуласал чанде қабл иҷоранишин буду ҳоло соҳиби хонаву дар ва мошин аст. Дар воқеъ, сирри муваффақияти шумо чист?
-Меҳнат, меҳнат, боз меҳнат. Худованд имрӯз ҳарчӣ ба ман додааст, натиҷаи меҳнати худам аст. Сирри дигар ин муҳаббат ба касбу корам аст. Доим орзуву нияти нек кардагиям, мекунам ва хоҳам кард.
-Ҳар субҳ барои ороиши мӯю рӯятон чӣ қадар вақт сарф мекунед?
-Барои ман дар умум якуним соат лозим аст, ки пурра омода шавам. Боз ороиш вобаста ба кору макон фарқ мекунад. Ба кор равам ороиши оддӣ, ба ҷашну маросим ва консертҳо бо ороиши ҷиддитар меравам, ки ин вақти бештарро мегирад.
-Мегӯянд, ки шумо дар кӯдакиатон як ҳафта гунг шуда будед. Сабаб чӣ буд?
-Як ҳафта не, лекин давоми қариб даҳ дақиқа гунг шуда будам, яъне ҳарф зада натавониста будам. Ин дуруст аст. Медонед сабабаш чӣ буд? Кӯдак будем, ҳамроҳи дигар бачаҳо шафтолудуздӣ рафтем. Ин кор ҳамон вақт буд (механдад). Модарам бисёр зани сахтгир буданд. Шояд аз тарс забонам лол шуда буд.
-Гуласал, миллати шумо ӯзбек аст?
-Тарафи падариам тоҷиканд, тарафи модариам ӯзбек. Ман бо ҳарду забон озодона сухан карда метавонам. Ҳамчунин, ман мактаби миёнаи рақами 6-и зодгоҳамро бо забони ӯзбекӣ хатм кардаам.
-Нақшаҳои ҷадиди шумо дар соли 2020 кадомҳоянд?
-Худои бузург мардуми сайёраро аз ҳамин «коронавирус» халос кунад, нақшаҳои ман зиёданд. Якчанд консертӣ ҳисоботии худро пешниҳод мекунам. Дар ноҳияҳои дурдаст, ки мудом мухлисон хоҳиш мекунанд, консерт барпо карданӣ ҳастам. Баъдан сафар ба кишварҳои хориҷаро ба нақша гирифтаам. Нақшаи санъаткор дигар чӣ ҳам мешавад? Эҷоди сурудҳои нав ва клипҳои ҷадид, албатта.
-«Коронавирус» гуфтеду ба ёдам овардед. Имрӯз тамоми ҷаҳонро воҳимаи «коронавирус» фаро гирифтааст. Вазъияти имрӯза ба корҳои эҷодии шумо халал ворид намекунад?
-Бовар кунед, халал ворид кардааст. Афсӯс. Бо оҳангсозони тоҷикзабони шаҳри Тошканд сабти чандин суруд ва клипи навро ба нақша гирифта будем. Онҳо корро ба зудӣ ва бо сифати баланд иҷро мекунанд. Тинҷиву амонӣ дар насибамон бошад, ҳатман ин корҳоро ба субут хоҳем расонид.
-Чанд халта орд харидед?
-Хушбахтона, оилаи мо зиёд ба воҳима наафтодаанд. Дар хона ҳамеша ду халта ордро захира карда мемонем (механдад). Ҳозир ҳам ҳамин тавр аст.
-Дар фарҷом таманниёти шуморо ба мухлисонатон ва хонандагони «Оила».
-Ба ҳамаи мардуми Тоҷикистон, мухлисонам ва хонандагони «Оила» сиҳативу саломатӣ ва хушбахтии оилавиро таманно дорам.
Бознашр аз ҳафтанома