Холикзода Муҳаммади Саидмирзо, соли таваллудаш 2011, зода ва истиқоматкунандаи ҷамоати деҳоти Зиддеи ноҳияи Варзоб аст. Ӯ дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №21-и ҳамин ноҳия дар синфи 6 таҳсил мекунад.
Муҳаммад рӯзи 9 октябр, тақрибан соати 10 аз мактаб бо либоси мактабӣ баромада, ба самти номаълум рафтааст ва бо гузашти 2 рӯз ҳанӯз бедарак аст.
Амакаш зимни суҳбат бо Oila.tj гуфт, Муҳаммад фарзанди ягонаи оила буда, рафтори хуб дошт. Дар оилаашон ҳам ягон моҷаро набуд ва далели ногаҳон ғайб заданашро намедонанд.
“Охирон бор вақти аз мактаб баромадан, ба ҳамсинфонаш гуфтааст, ки 3 рӯз ба истироҳат меравад, аммо хонаводааш аз ин нақша бехабар буданд ва ба ягон ҷо нияти рафтан надоштанд”, - гуфт ӯ.
Онҳо аллакай ба мақомоти корҳои дохилаи ноҳия муроҷиат кардаанд ва умедворанд, ки шояд пагоҳ баъди 3 рӯзи гуфтаи ҷиянашон ӯ дигарбора бармегардад, вале хоҳиш доранд корбарон дар ҷустуҷӯяш кӯмак кунанд.
Аз идора: Агар шумо писарбачаи дар акс бударо ҷое диде, лутфан бо рақами 980886949 ба хонаводааш хабар диҳед.