Салом! Чанд шаб боз ман гӯсфанд хоб мебинам. Гоҳ дар хобам як рама гӯсфандро пешандоз карда ба куҷое мебарам, гоҳи дигар хоб мебинам, ки гӯсфанд қурбонӣ карда истодаам. Хобамро ба чанд кас гуфтам, вале ҳар хел таъбир карданд, яке мегӯяд, ки бою бадавлат мешавӣ, дигарӣ баръакс, бояд қурбонӣ кунӣ мегӯяд. Илтимос, таъбири хоби маро бигӯед!
АСАДУЛЛО, аз шаҳри Ваҳдат
Посух:
- Гӯсфанд хоб дидан фоли нек аст. Тавре дар хобномаҳо омадааст, гӯсфанд дар хоб рамзи боигарӣ ва давлату сарвати зиёд мебошад. Мард хоб бинад, ки як рама гӯсфандро дар ихтиёраш гузоштаанд, ба сари қудрат омада, ягон мансаб ё вазифаи баландро соҳиб мешавад.
Дар баъзе хобномаҳо омадааст, ки кас дар хобаш гӯсфанд харад, бою бадавлат шуда, байни мардум соҳиби иззату икром хоҳад гашт. Бемор хоб бубинад, ки гӯсфанд қурбонӣ карда истодааст, бо инояти парвардигор шифо меёбад, вале барои ин бояд дар ҳақиқат қурбонӣ кунад.
Ба касе гӯсфанд додан дар хоб нишонаи он аст, ки шахси хобдида аз қарз халос мешавад.
Аммо дар хобатон гӯсфанд ба шумо ҳамла кунад ё шуморо бо шохаш занад, эҳтиёт бошед, зеро чунин хоб аз он гувоҳӣ медиҳад, ки душмани тавоное дар камин нишастааст ва ба зудӣ ба шумо ҳуҷум хоҳад кард.