goodwell
Гран-прии Фестивал-озмуни “Сайри гули лола” насиби кӣ мешавад?
126

Дар Боғи Куруши Кабири пойтахт рӯзи 25-уми апрел, соати 09:00 даври ниҳоии Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии «Сайри гули лола» баргузор гашта, маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибон дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ доир хоҳад гашт.

Ғолибон бо Шоҳҷоиза (Гран-при), дипломҳои дараҷаи 1, 2, 3 ва шахсони ташаббускор, роҳбарони корхона, муассиса ва дигар ташкилотҳо, ки дар фестивал фаъолона иштирок менамоянд, бо «Ифтихорнома» ва «Сипоснома»-и Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон қадрдонӣ карда мешаванд.

Фестивали ҷумҳуриявии «Сайри гули лола» аз рӯи 10 номинатсия: «Гулпарвари беҳтарин», «Гулгашт ва хиёбон», «Боғҳои фарҳангию фароғатӣ», «Деҳаи беҳтарин», «Маҳаллаи беҳтарин», «Деҳоти беҳтарин», «Шаҳраки беҳтарин», «Ноҳияи беҳтарин» ва «Вилояти беҳтарин» баргузор мегардад.

Ҳадаф аз баргузории фестивал вусъат додани корҳои ободонӣ, бунёдкорию созандагӣ, бедор намудани завқи зебоипарастӣ дар зеҳни ҳар сокини мамлакат ва маърифати экологӣ, ободу зебо намудани ҳар хона, кӯча, маҳалла, деҳа, деҳот, шаҳрак, ноҳия, шаҳр, вилоят ва ҷумҳурӣ мебошад.

Дар пойтахт бо мақсади дар сатҳи баланд гузаронидани ин фестивал дар асоси Қарори Раиси шаҳри Душанбе дар мавсими нави ниҳолшинонӣ 3 миллиону 999 ҳазору 630 дона гули лола шинонида шудааст.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД