Солҳои охир ҳодисаҳои гирифторшавӣ ба бемории саратон махсусан дар байни занон афзуда истодаанд. Айни ҳол дар сархати бемориҳои анкологӣ саратони ғадудҳои ширӣ қарор дошта, 16%-и шумораи умумии гирифторони саратонро бонувоне ташкил медиҳанд, ки ба саратони ғадудҳои ширӣ гирифторанд. 8,5%-и маризони мубталои саратон ба саратони гарданаи бачадон гирифтор мебошанд. Дар рӯйхати бемориҳои анкологӣ дар ҷойи дуюм саратони меъда ва рӯдаи ғафс ва дар зинаи сеюм саратони гарданаи бачадон қарор дорад.
Дар ин бора имрӯз зимни нишасти матбуотӣ вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода маълумот дод.
Дар посух ба саволи хабарнигори сомонаи Oila.tj дар боби вазъи ташхис ва табобати саратон дар байни занон ва кӯдакон вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ гуфт: “Саратон натанҳо мушкили тиби тоҷик, балки мушкили соҳаи тандурустӣ дар саросари ҷаҳон ва як проблемаи актуалӣ мебошад. Мутаассифона, то кунун сабаб ва омилҳои пайдоиши саратон дақиқ муайян карда нашудаанд. Аммо зиёдшавии омори гирифторони саратон дар ҷумҳурӣ ба ворид шудани дастгоҳҳои замонавии ташхисӣ ва беҳтар шудани сифати ташхис вобастагӣ дорад. Аз лиҳози техникӣ барои сари вақт ташхис намудани саратон имрӯз тамоми имкониятҳо муҳайё мебошанд ва шахсоне, ки нишонаҳо ва эҳтимолияти саратон дар онҳо вуҷуд дорад, аз ташхиси пурра гузаронида мешаванд“.
Тавре дар идома вазир гуфт, дар соли 2024 дар Тоҷикистон 5144 нафар гирифторони саратон ба қайд гирифта шудаанд. Шумораи умумии маризони мубталои саратон дар ҷумҳурӣ 20675 нафарро ташкил медиҳад.
“Имрӯз 1150 нафар кӯдакони гирифтори касалии саратон дар қайди диспансерӣ қарор доранд ва аз ин шумора 395 нафарашон ба лейкоз-саратони хун гирифтор мебошанд,- зикр гардид зимни нишасти матбуотӣ.
Дар рафти нишасти матбуотӣ қайд карда шуд, ки як қисми доруворӣ дар давраи қабл аз ҷарроҳӣ ва пас аз ҷарроҳӣ ба гирифторони саратон ба таври ройгон дода мешавад.