Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе аз роҳандозӣ намудани хидматрасонии нав доир ба додани “Маълумотнома дар бораи надоштани доғи судӣ” хабар додааст.
Акнун сокинони пойтахт метавонанд барои гирифтани ин ҳуҷҷат ҳамарӯза (ба истиснои рӯзи якшанбе) аз соати 08:00 то 16:00 ба Раёсати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе муроҷиат намоянд.
Ҳуҷҷати мазкурро аз худи Вазорати корҳои дохилӣ низ гирифтан имконпазир мебошад.
Ёдрас мешавем, ки қаблан маълумотномаи мазкурро танҳо аз марказҳои ахборотии ВКД гирифтан мумкин буд.
Маълумотнома дар бораи надоштани доғи судӣ барои ба кор қабул шудан ва дигар ҳолатҳои зарурӣ, ки собиқаи ҷиноӣ надоштани шахс бояд мушаххас гардад, зарур мебошад.
Барои гирифтани маълумотнома дар муҳлати 10 рӯз 30 сомонӣ пардохт намудан лозим аст. Агар шумо дар бадали 7 рӯз маълумотномаи надоштани доғи судиро ба даст оварданӣ бошед, бояд 50 сомонӣ пардохт намоед.
Барои гирифтани маълумотнома ҳуҷҷатҳои зеринро пешниҳод кардан лозим аст:
1. Нусхаи шиноснома ё ҳуҷҷати дигаре, ки шахсияти касро муайян менамояд.
2. Маълумотнома дар бораи гузаштани ташхиси изи ангуштон-дактилоскопия (ба ғайр аз ноболиғон ва шахсоне, ки зери ҳимоя қарор доранд).
3. Расиди супурдани маблағ.