Arzon march 2024
Гирдиҳамоии занҳои афғон дар Душанбе
1650

 

Бонувони гуреза бо “Толибон” ҷанги лафзӣ оғоз намуданд


Имрӯз ба хотири ҳимоят аз Панҷшер ва ҳукумати Афғонистон дар сафорати Афғонистон дар шаҳри Душанбе гирдиҳамоии осоиштаи занони афғон барпо гашт. Дар гирдиҳамоӣ тақрибан 200 нафар занону кӯдакони гурезаи афғон, ки дар Тоҷикистон умр ба сар мебаранд, ширкат варзиданд.
Иштирокчиёни ҳамоиш дар даст байрақи Ағонистон ва аксҳои калони Аҳмадшоҳи Масъуд ва Аҳмади Масъудро доштанд ва бо шиорҳои “Марг бар Покистон”, “Ҳимоят аз Паншер” ва “ Зан-модар-зан хоҳар” алайҳи “Толибон” эътироз баён менамуданд.
“ Мо Аҳмад Масъудро дастгирӣ мекунем”, “ Марг бар Толибон “, “Покистон аз Афғонистон берун шавед” , “ Мо сулҳ мехоҳем”, “Марг ба тероризм” – бо як овоз бо садои баланд такрор мекарданд занони шуҷоъи афғон.
Муҳаммад Зоҳир Ағбар, сафири Афғонистон дар Тоҷикистон иштирокчиёни гирдиҳамоиро дастгирӣ намуда, таъкид намуд, ки то вақте ҳуқуқи занҳои афғон ҳимоят намешавад, мо ором намешинем

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД