Бо рафтани синну сол пӯсти рӯй пажмурда шуда, ожанг мезанад, вале набояд рӯҳафтода шуд, зеро якчанд намуди машқи гимнастикии рӯй мавҷуданд, ки барои нигоҳ доштани ҷавонӣ ва зебоӣ мусоидат менамоянд.
Барои зебоии пӯст танҳо аз маводи ороишӣ истифода бурдан кофӣ нест, дигар усулҳоро низ истифода бурдан лозим аст, то ки ба пӯсти рӯй зарар нарасад.
Барои ҷавону зебо мондани пӯст машқҳо барои рӯй ва гардан манфиати зиёде доранд. Ин намуди гимнастика барои бисёрҷониба ва осонии кор хуб аст, шумо шумо метавонед ин машқҳоро ҳангоми нишастан дар назди компютер ё телевизор анҷом диҳед. Гимнастика барои зебоӣ гардиши хунро афзуда, ҳуҷайраҳои пӯстро бо оксиген таъмин ва мушакҳоро мустаҳкам мекунад. Гимнастикаи рӯй барои ҳалли чунин мушкилот, аз қабили манаҳи дуқабата, ожангҳои зиёди рӯй, тағйирот дар контурҳои рӯй, коста шудани рухсораҳо ва беҳтар гаштани ранги пӯст кумак мекунад. Машқҳои мунтазам ба афзоиши тургори пӯст тавассути беҳтар кардани гардиши хун ва истеҳсоли коллаген ва эластинҳо дар рӯй мусоидат мекунанд.
Якчанд машқҳои самаранок
Барои халосӣ аз ожангҳои пешонӣ
Бо кафи дастонатон пешониатонро сахт зер карда, шумо бояд пӯстро ба қадри имкон боло кашед ва дар ин ҳолат, баръакс кӯшиш кунед, ки абрӯвони худро ба поён кашед. Ин амалро 5 сониягӣ дар ҳама тарафи пешонӣ анҷом диҳед. Машқро тақрибан 15 маротиба такрор кунед.
Барои халосӣ аз ожангҳои атрофи чашм
Чашмони худро 5 сония калон кушоед ва 5 сонияи дигар маҳкам кунед. Сипас чашмонатонро кушоед, зуд-зуд мижа занед. Ин амалро аз аввал то ба охир на камтар аз 10 маротиба такрор кунед.
Барои халосӣ аз ожанги атрофи лаб
Лаби поёнро то ҳадди имкон чуқуртар дар нимаи боло ҷойгир кунед ва дар айни замон кунҷҳои лабҳоро ба табассуми максималӣ дароз кунед. Дар ин ҳолат 5 сония ноҷунбон истед. Беҳтар атс, ки ин машқро дар назди оина иҷро кунед. Машқро 15 маротиба такрор кардан лозим аст.
Барои тағйир додани контури рӯй
Дар аввал саратонро рост кунед ва ба пеш нигоҳ кунен. Лабҳоятонро ба мисле, ки пеш аз бӯса кардан мекунед, ҳамон хел кунед ва ба тарафи чап тоб диҳед, сипас саратонро низ ба ҳамон тараф гардонед ва 5-10 сония нигоҳ доред.
Пасон, ба мисли пешина баргардед ва ҳамин амалро ба тарафи рост анҷом диҳед. Ин амалро 10 маротибагӣ ба ҳар тараф такрор кардан лозим аст.
Барои халосӣ аз манаҳи дуқабата
Саратонро ба пеш хам кунед ва кӯшиш кунед, ки чанд маротиба саратонро пешу қафо кунед, 10 сония саратонро ба қафо боло кунед. Барои ноил шудан ба натиҷаи дилхоҳ ҳадди аққал 12-15 маротиба дар як рӯз ин машқро такрор кунед.
Барои ҷавону зебо мондан шумо бояд дар як рӯз 10-20 дақиқа вақтатонро ба машқҳо сарф кунед. Ин машқҳоро мунтазам 5 маротиба дар як ҳафта иҷро кардан лозим аст.