Arzon march 2024
Гарданбанди нуқрагин дар хоб
2635

Шаби гузашта хоби аҷибе дидам. Дар хобам ба мағозаи ҷавоҳирот даромадам. Фурӯшанда ганданбанди зебои нуқрагинеро, ки замонҳои қадим танҳо шоҳдухтарон ва занҳои шоҳу вазиру дигар сарватмандон ба гарданашон мебастанд, ба ман пешкаш намуд. Гарданбанд бароям бисёр писанд омада бошад ҳам, пешниҳоди фурӯшандаро рад карда ва ба мағозаи дигар даромадам. Аҷибаш он ки дар мағозаи дуюм низ айнан чунин гарданбанд-зирраи нуқрагинро ба ман пешкаш карданд. Вақте бедор шудам, маро як ҳиссиёти бисёр аҷиб фаро гирифта буд. Мехоҳам таъбири хобамро донам.

Фариза, аз н. Рӯдакӣ

Хоҳари азиз! Барои пайдо кардани таъбири хоби шумо мо чандин хобномаҳоро дида баромадем ва фоли нек будани онро дарёфтем.

Дидани ганданбанди нуқрагин дар хоб бисёр хуб буда, рамзи оғоз ёфтани давраи нав дар ҳаёти шахси хобдида мебошад. Касе, ки чунин хоб дидааст, ба чи коре, ки даст назанад, кораш ҳатман барор гирифта, даромади калон ба даст меорад ва соҳиби обрӯю мартабаи баланд мегардад.

Дидани гарданбанди нуқрагин дар хоб гувоҳи он аст, ки шумо метавонед кӯҳро чаппагардон кунед, агар каме кӯшиш намоед. Шанси ба шумо туҳфакардаи тақдирро аз даст надода, аз пайи дар амал татбиқ намудани нақшаҳо ва амалӣ гардонидани орзуҳои худ шавед.

Аммо хоб дидани гарданбанди кандашуда аслан хуб нест. Гарданбанди нуқрагини кандашуда дар хоб аз сар задани баҳсу мунозира, ҷангу ҷанҷол ва ҷудоӣ байни зану шавҳар дарак медиҳад

Канда шудани гарданбанд дар хоб метавонад нишонаи талоқ бошад. Гарданбанди бо сангҳои арзонбаҳо орододашуда низ чандон хуб нест.

Дар хобномаҳо омадааст, ки хоб дидани ганданбанди бо сангҳои арзонбаҳо оро ёфта аз хиёнат ва фиребу найранг дарак медиҳад. Гарданбанди зебои бо сангҳои қиматбаҳо ороёфта бошад, рамзи хушбахтии шахси хобдида мебошад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД