arzon replenishment
ГАҲЕ ЗИНСАВОРУ ГАҲЕ ЗИН БА ПУШТ
2394

Салом, хонандагони азизи ҳафтаномаи писандидаам “Оила”. Ман писари хурдии хонадон будам. Вақте волидайнам аз олам чашм пӯшиданд, дигар дар ҳавлиамон мисли як одами бегона мегаштам. Ҳатто барои хешу табору бародаронам ҳам будану набудани ман моҳияте надошт.

Ба пойтахт омадам. Дар фаслҳои гармову сармо рӯзи худро дар бозору шабро дар кӯчаҳо мегузарондам, то маблағе ба даст ораму ба Русия сафар кунам. Намедонам, баъди 2 ё 3 сол ин ниятам ҷомаи амал пӯшид.

Вақте ба мулки рус рафтам, ин ҷо касеро намешинохтам ва забонашонро ҳам намедонистам. Моҳҳо дар таги биноҳои истиқоматӣ ва рӯи хараки кӯчаҳои бегона мехобидам. Аммо зиндагӣ гардишҳои аҷоибу пастӣ ва баландиҳои зиёд доштааст. Ҳоло ҷойи кору ҷойи хоб дорам. Зиндагиам серу пур аст ва нияти оиладоршавӣ дорам.

Баъзан бародаронам занг мезананду аз ман маблағ талаб мекунанд. Ростӣ, вақте падару модарам аз олам гузаштанд, онҳо фикр накарданд, ки ман- бародари хурдиашон дар чӣ ҳолам? Чӣ мехӯраму чӣ мепӯшам ва дар куҷо хоб мекунам. Ҳоло, чун фаҳмиданд, ки соҳиби кору пул шудаам, намедонам бо кадом рӯй ба ман занг зада, маблағ мепурсанд. Ба бародаронам гуфтаниам, ки маро фаромӯш кунеду дигар ҳеҷ гоҳ худатонро дар наздам паст назанед, зеро гуноҳатонро намебахшам!

 Азизҷони МИЗРОБ,

сокини ноҳияи А. Ҷомӣ

 

 

 

рӯзноманигор

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД