ДАВОМАШ...
Аз байн ду моҳ гузашт. Маъруф пурра шифо ёфта аз беморхона баромад. Сарвиноз чанд маротиба ба назди шавҳараш омада зориву тавалло намуд, ки аз гуноҳаш гузарад, вале дили Маъруф аз ҳамсараш мисли оби зери ях хунук шуда, дигар ҳатто рӯяшро дидан намехост. Ягона чизе, ки Маъруф аз Сарвиноз мехост, писараш Далерҷон буд, вале гадодухтари пулмаст шаттоҳӣ карда ба ҳеҷ ваҷҳ кӯдакро додан намехост. Маъруф бар ивази писарчааш ба занаш хонаи дуҳуҷрагӣ ваъда карда бошад ҳам, Сарвиноз сар нафаровард. Ояндаи фарзандонашро дар он хонадон андеша намуда, дили ҷавон хун мешуд. Шабҳо то саҳар аз фикру хаёли бисёр хобаш намебурд. Падару модараш ӯро тасаллӣ дода мегуфтанд, ки ғам нахӯрад, худаш зиндаву саломат бошад, боз хонадор шуда соҳиби фарзанд мешавад, вале дили Маъруф барои гул барин кӯдакони дар як деҳаи нообод мондааш мисли шамъ месӯхт...
“Бартер”
Аз болои бародари Сарвиноз парвандаи ҷиноӣ кушоданд. Тафтишот қариб ба охир расида хавфи ба муҳлати тӯлонӣ ба паси панҷара нишастанаш рӯз то рӯз бештар мегашт. Падараш ба ҷону ҳоли Сарвиноз намонда мегуфт:
-Ягон илоҷ карда дили шавҳаратро ёб, то ки аризаи шикоятиашро бигирад. Дониста мон духтар, агар писарамро суд кунанд, ман туро бо сагбачаҳоят зинда намемонам...
Сарвиноз, ки хислати падарашро хуб медонист, мисли мӯйи дар оташ афтида печутоб хӯрда, чӣ кор карданашро намедонист. Пас аз фикру андешаи бисёр ниҳоят ба хулосае омад, ки ҳарчи бодо бод, ба назди шавҳараш рафта, фарзандонашро бо бародараш “бартер” мекунад. Сари субҳ бо ҳамин андешаҳо вай боз роҳи шаҳрро пеш гирифт. Хушдоманаш ҳар дафъа бо ҷангу ҷанҷол анҷом ёфтани вохӯрии онҳоро медонист, аз ҳамин хотир Сарвинозро ба хона даромадан намонда баҳона пеш овард, ки Маъруф ба назди як ҷӯрааш рафтааст, вале ҳамин дам худи шавҳараш аз дари хонаи хобаш баромаду ҷавонзан зӯран ба хона даромад.
-Сарвиноз, агар бо нияти оштишавӣ омада бошӣ, беҳтараш ҳам вақти худат ва ҳам вақти маро нагир, ман аллакай барои аз ту ҷудо шудан ба суд ариза пешниҳод кардам. Хавотир нашав, ман номард нестам, алименти бачаҳоямро медиҳам,-гапро кӯтоҳ карданӣ шуд Маъруф.
-Ман гадо нестам, ки ба назди ту алиментпурсӣ биёям,-ҷавоб дод Сарвиноз озурдахотирона,-барои маслиҳат омадам, агар мумкин бошад, ба хона дароям.
-Оҳо, ту ин қадар духтари боодоб шудаӣ! Иҷозат пурсиданро аз кӣ омӯхтӣ?!-Неш зад хушдоманаш.
-Камбағал бошем ҳам, дар оғилхона калон нашудаем,-сухани заҳролуди модаршӯяшро бе ҷавоб нагузошт ҷавонзан.
-Баҳсу мунозираро бас кунед! Сарвиноз, гапат бошад, марҳамат ба хона даро, вале таъкид мекунам, ки ман вақти зиёд надорам. Мақсадатро мухтасар бигӯ, ман фикр карда ҷавобашро медиҳам,-таъкид намуд Маъруф.
Онҳо пасопеш ба хона даромаданд. Сарвиноз эҳсос кард, ки оташи ишқ дар дили Маъруф пурра хомӯш гаштааст ва дигар ба бозгашти бахт умед бастан амри маҳол аст, аз ин хотир шаф-шаф накарда якбора шафтолуи гапро гуфт:
-Ту мехоҳӣ бо кадом роҳе, ки набошад, бачаҳоро аз дасти ман кашида гирӣ, ҳамин тавр не?
-Бале, ман намехоҳам фарзандонам дар он деҳа, дар шароите, ки шумо зиндагӣ мекунед, ба воя расанд.
-Ин тавр бошад, гӯш кун! Ман бо ду шарт бачаҳоро ба ту медиҳам.
-Хӯш, чӣ шарт будааст?
-Шарти якум ҳамин ки ту аз баҳри даъвоят мегузарӣ ва шиносҳоятро миёнарав намуда, ҷони бародари маро мехарӣ. Падарам таъкид кард, ки агар писарашро ҳабс кунанд, ману бачаҳоямро зинда намемонад.
-Думи рӯбоҳ, ки дар таги дар монд, роҳи наҷот меҷӯяд,-писханд зад Маъруф.
-Айни замон думи ту ҳам дар таги дар аст, як не, якбора ду думатро аз даст дода метавонӣ, барои ҳамин нағзакак андеша кун,-паст наомад ҷавонзан.
-Ман шикоятамро мегирам, он тарафаш кори шумо, чӣ хеле, ки мехоҳед, ҷонашро халос кунед,-даст афшонд Маъруф.
-Не, ин хел намешавад! Ту аз гуноҳи додарам гузарӣ ҳам, давлат намегузарад. Шарт ҳамин ки худат ягон роҳашро ёфта ин масъаларо ҳал мекунӣ, дар акси ҳол ман Далерҷонро ба ту намедиҳам,-таъкид намуд Сарвиноз.
Маъруф сарашро бо кафи дастонаш дошта, дурудароз фикр кард, баъд оҳи сард кашида гуфт:
Фарз кардем, ки ман шарти якуми туро қабул кардам, баъд чӣ?
-Шарти дуюм ҳамин ки ту барои ман аз шаҳр хонаи сеҳуҷрагӣ мехарӣ.
-Оҳо, дилат дигар ҳеҷ чиз намехоҳад?!
-Хоҳӣ ҳамин, нахоҳӣ ихтиёрат!
-Майлаш, ман ин шартатро ҳам қабул мекунам, вале танҳо Далерҷонро не, ҳарду кӯдакамро медиҳӣ?-Дар навбати худ дар назди Сарвиноз шарт гузошт Маъруф.
-Ман розӣ. Хонаро харида ҳуҷҷатҳояшро ба номам карда деҳ ва бародарамро ба озодӣ барор, баъд ман ҳарду фарзандатро бо ду дасти адаб оварда ба ту месупораму...
-Ягон буққаро ёфта дар хонаи харидаи ман кайфу сафо мекунӣ,-писханд зад Маъруф.
-Албатта шавҳар мекунам-да! Ту маро талоқ додӣ гуфта як умр мотам гирифта гардам?! Сари зулфи ту набошад, сари зулфи дигаре гуфтаанд, -мағрурона ҷавоб дод Сарвиноз ва афзуд,-рашкат омад чӣ?
-Рашк?! Замоне, ки ман туро рашк мекардам, кайҳо гузашта рафт! Акнун ҳар рӯз як шавҳар кунӣ ҳам, парво надорам. Ҳар рӯз як буққа меёбӣ, кавалербозӣ мекунӣ, тани танҳо мегардӣ, ҳар коре, ки мехоҳӣ, кардан гир, фақат бачаҳои маро бо рафтори ҳаромат заҳролуд накарда, сиҳату саломат ба ман супорӣ кофист, -инро гуфта Маъруф ба суҳбати ногувор нуқта гузошт...
Бозгашти бахт
Ниҳоят моҷарои талоқи Сарвинозу Маъруф ба охир расида, суд онҳоро расман ҷудо кард. Сарвиноз бо хоҳиши худаш фарзандонашро ба шавҳараш дод ва забонхат навишт, ки минбаъд нисбати ӯ ягон хел арзу шикоят нахоҳад кард. Маъруф ҳам ба ваъдааш вафо карда, додари Сарвинозро озод кард ва ба зани шаттоҳаш хонаи сеҳуҷрагӣ харида дод. Акнун фарзандони Маъруф бо бобою бибиашон зиндагӣ мекарданд ва чунон шод буданд, ки ягон бор модарашонро суроғ намекарданд. Кӯдакон азобҳои дар хонаи бобою бибии модариашон кашидаашонро ба падарашон нақл карда, зорӣ менамуданд, ки дигар онҳоро ба қишлоқ набарад...
(ДАВОМ ДОРАД)