arzon replenishment
Футболбозони тоҷик дар Чемпионати “Ҷоми Роҳи Абрешим" ширкат меварзанд
417

Байни дастаҳои футболи кишварҳои Осиёи Марказӣ соли 2025 бори аввал чемпионати “Ҷоми Роҳи Абрешим" баргузор хоҳад гашт.

Мусобиқоти “Ҷоми Роҳи Абрешим” бо ташаббуси Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA) гузаронида шуда, дар он 10 даста иштирок мекунанд.

Чемпионат аз 3 марҳила - интихобӣ, гурӯҳӣ ва ниҳоӣ иборат мебошад. Бозиҳои марҳилаи интихобӣ охири моҳи март оғоз ёфта, рақобати дастаҳо дар марҳилаи ниҳоии мусобиқот аз 26-уми апрел то 6-уми май ба нақша гирифта шудааст.

Ғолибони мусобиқоти миллии футбол аз Афғонистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркманистон, Ӯзбекистон ва Эрон ба марҳилаи гурӯҳӣ мустақиман роҳхат мегиранд. Тоҷикистонро тими “Истиқлол” дар Чемпионати “Ҷоми Роҳи Абрешим” намояндагӣ хоҳад кард. Дастаи футболи “Регар-ТадАЗ” низ ҳамчун барандаи Ҷоми миллӣ аз даври интихобӣ дар ин мусобиқот иштирок мекунад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД