Commerc banl
Футболбозони тоҷик бо тими Филиппин мубориза мебаранд
24

Пагоҳ, 31-уми март дар доираи даври ниҳоии марҳилаи интихобии “Ҷоми Осиё-2027” дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон бо тими миллии Филиппин рақобат хоҳад кард.

Бозӣ соати 19:00 дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисор баргузор гашта, барои футболбозони тоҷик бозии тақдирсоз мебошад.

Футболбозони Тоҷикистон ва Филиппин баъди 5 бозии даври интихобӣ 13-имтиёзӣ гирифтаанд, вале аз рӯи таносуби тӯбҳои ба нишон расида Тоҷикистон дар ҷойи якум ва Филиппин дар зинаи дуюм қарор дорад.

Дар сурати ғалаба бар тими милии Филлипин ё ҳадди ақал мусовӣ анҷом ёфтани бозӣ футболбозони тоҷик ба “Ҷоми Осиё-2027” роҳхат мегиранд. Тими миллии Филиппин бошад, танҳо дар сурати ғалаба ба “Ҷоми Осиё-2027” роҳхат гирифта метавонад.

Ёдрас мешавем, ки мусобиқоти “Ҷоми Осиё-2027” аз 15-уми январ то 8-уми феврали соли оянда дар Арабистони Саудӣ баргузор гашта, дар он 24 тим иштирок ва рақобат хоҳанд кард.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД