Тими миллии Тоҷикистон аз Дубай ба Қатар меравад Тими миллии футболи Тоҷикистон бо роҳбарии мураббии таҷрибадори команда Петр Сегрт омодагиро бо қисмати финалии бозиҳои “Ҷоми Осиё-2023” идома медиҳад.
Ёдрас мешавем, ки ин мусобиқаи баландпояи варзишӣ дар Қатар баргузор мегардад. Ба хотири омодагии комил ба даври финалии мусобиқаи баландпояи варзишӣ барои дарёфти Ҷоми Осиё, ки Қатар мегузарад, муддати 12 рӯз тими миллии футболи Тоҷикистон дар Аморати Муттаҳидаи Араб машқу тамрин намуд.
Варзишгарони тоҷик рӯзона дар толори варзишӣ (тренажорний зал) машқ карда, ҳар бегоҳ дар майдони футбол тамрин менамуданд.
Тавре, ки fft.tj хабар додааст, имрӯз тими миллии Тоҷикистон даври аввали омодагиро дар Дубай ба охир расонида, фардо, яъне 28-декабр ба Абу Даби хоҳад рафт. Футболбозони тоҷик то парвоз ба Қатар дар он ҷо машқ ва тамрин хоҳанд кард.