Футболбозони ҷавони тоҷик бо тими футболи Арабистони Саудӣ ва Тайланд рақобат мекунанд
Дар доираи Мусобиқаи “Ҷоми Осиё миёни наврасон”, ки аз 7-ум то 24-уми майи соли равон дар Арарбистони Саудӣ ҷорӣ бо иштироки 16 даста баргузор мегардад, тими миллии наврасони Тоҷикистон бо 3 даста рақобат менамоянд.
Қуръакашӣ дирӯз, 12-уми феврал сурат гирифта, тими наврасони то 17-солаи Тоҷикистон дар гурӯҳи “А” бо футболбозони ҷавони Арабистони Саудӣ, Тайланд ва Мянмар рақобат хоҳанд кард.