Фотима Машрабова аз зумраи бонувони муваффақ ва шинохтаи тоҷик аст, ки бо таронаҳои дилнишинаш дар дили бинандагон маъво гирифтааст. Ин бонуи хушсадову боистеъдоди ҳунар дар баробари сурудҳои эстрадӣ дар таҳияву эҷоди жанру сабкҳои мухталиф аз қабили фалак, поп, ҷаз ва сурудҳои халқӣ муваффақ гаштааст.
Донистан мехоҳед, ки Нигина Амонқулова ба Фотима чӣ пешниҳод кард? Фотимаро дар фалаксароӣ кӣ дастгирӣ кард? Ба ин ва дигар саволҳо оиди кору фаъолияти худ сарояндаи маҳбуб Фотима Машрабова дар як мусоҳиба посух гуфт, ки муҳтавои онро пешниҳоди шумо мегардонем.
- Фотима ин қадар садои гӯшнавоз дорад. Ин ҳама эстеъдоди ӯ аз куҷо маншаъ мегирад? Аз авлодони шумо касе ҳунарманд буд?
- Агар шиносед, Устоқадам Машрабов, як саҳнаи ҳаҷвии машҳур доштанд бо номи “Ё ки ҳелов ё ки чао мода шуд”, он кас бобои ман ҳастанд. Падарам Артур Машрабов коргардони овоз, амакам Муборак Қадамов аъзои гурӯҳи “Шамс” мебошанд.
- Шумо дар куҷо ба дунё омадед?
- Ман дар шаҳри Душанбе таваллуд шудам, падару модарам низ дар ҳаминҷо ба дунё омадаанд, бобоям дар Рӯшон таваллуд шудааст.
- Шумо ба Рӯшон меравед?
- Ростӣ, ҳамагӣ ду бор рафтаам. Ба онҷо сафари ҳунарӣ доштам.
- Мегӯянд, ки шумо қариб дар ҳама жанрҳо суруд мехонед ва диапазони овози шумо ба авҷи баланди мусиқӣ ҳам мерасад. Ин рост аст?
- Бале, дуруст аст. Мехоҳам як нуқтаро қайд кунам, ки ҳунарманди асил бояд бо тамоми жанрҳо сароида тавонад.
- Дар ҳар сурудатон як дард аст, дар овозатон зебоиву тароват ва ҳамзамон дард ҳис мешавад. Дар интихоби матни сурудҳо кӣ ба шумо кӯмак мерасонад?
- Ман бо Шоираи Раҳимҷон, Орзу Исоев, Нуруллои Ориф ва Хайрандеш дар ин самт ҳамкорӣ дорам ва интихоби матн аз ҷониби онҳост.
- Фармоиш медиҳед ё аз миёни ашъорашон интихоб мекунед?
- Ҳам шеърашонро интихоб мекунам ва ҳам фармоиш медиҳам.
- Ҳамчун ҳунарманд бештар ба кадом ҷанбаҳо эътибор медиҳед ва кадом мавзӯъҳоро интихоб мекунед?
-Ҳар як сароянда на танҳо дарди худ, балки дарди мухлисонашро мебинад. Дарде, ки аксарият ба он гирифтор мешаванд, ишқ аст. Мо ба мазмуни ҳар як шеър диққат дода, онро месароем, асосан дар мавзӯи ишқ, Ватан, модар месароем.
ИНЧУНИН, ХОНЕД:
- Ҳамроҳи Нигина дуэте сароидед, ки хеле машҳур шуд ва он омехта бо лаҳҷаи бадахшонӣ буд. Интихоб аз ҷониби кӣ буд?
- Соли 2016 вақте Нигинабону консерт дошт, маро даъват карду гуфт, ки Фотима мехоҳам бо ту як дуэт сароям. Ман хеле шод шудам ва гуфтам чаро не? Баъд гуфт, ки як суруд аст, ман ёфта наметавонам, ба хотире, ки вақтам кам аст ва барои консертам омодагӣ мебинам, метавонед дар ин самт ба ман кумак кунеду он сурудро пайдо кунед. Розӣ шудам ва суруди “Гул бо рӯяте”-ро пайдо карда, сароидем. Фикр кардем, ки як суруди муқаррарӣ мешавад, яъне интизор надоштем, ки ин қадар машҳур мешавад. Овозҳои мо ба ҳамдигар хеле мувофиқ омада буд.
- Сурудҳои шумо пур аз дард аст, ба дардҳои куҳна нохун мезанад. Мегуфтед, ки ҳаёти шумо воқеан ҳам пурдард буд?
- Ҳаст шахсе, ки дард надошта бошад? Буд дард, гузашт рафт.
- Ошиқ будед, яъне?
- Бале, дар давраҳои ҷавонӣ. (механдад)
- Дар кадом давлатҳо ҳунари тоҷикро муаррифӣ кардед?
- Дар бисёр давлатҳо ҳузур доштам, яъне дар Франсия, Англия Белорусия, Маскав, Қазоқистон, Ӯзбекистон, Ҳиндустон ва ғайраҳо бо либоси тоҷикона баромад карда, Тоҷикистони азизамонро муаррифӣ кардаам.
- Айни ҳол дар куҷо фаъолият мекунед?
- Дар Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати ҶТ аз соли 2012 фаъолият карда истодаам. Миннатдории худро ба роҳбари собиқи ансамбли “Фалак”, ки Давлатманд Холов буданд, мерасонам. Ҳоло бошад, Носир Сафаров аст, ки ҳарду ҳам маро дастгириву кумак менамоянд.
- Чӣ хел шумо ба ин ансамбл даъват шудед?
- Вақте дар Консерваторияи миллӣ дар курси аввал таҳсил мекардам, дар онҷо устод Давлатманд Холов дарс медоданд, маро даъват карданд, ки ба кор биёям. Азбаски таҷриба надоштам, маслиҳат кардам, ки дар курси се нозукиҳои фалакро ба ман ёд медиҳед, дилам пур шавад, баъд ба кор оғоз мекунам. Ҳамин тавр, нозукиҳоро омӯхтам ва соли 2012 ба курси 3 гузашта, ба кор шурӯъ кардам ва онро бо дипломи сурх тамом кардам.
- Аввалин суруди худро кай сароидед?
- Суруди аввалини худро бо номи “Ай ёре” дар кохи Ҷомӣ сароидаам.
- Бо кадом оҳангсозон ҳамкорӣ доред?
- Бо аксарияти оҳангсозон, аз қабили акаи Даврон, Носир Сафаров, устод Давлатманд Холов ҳамкорӣ дорам.
- Фотима киҳоро идеали худ меҳисобед?
- Вақте хурд будам, бештар сарояндаҳои хориҷиро гӯш мекардаму дӯст медоштам. Аз сарояндаҳои тоҷик бошад, ҳамаашро дӯст медорам, сурудҳояшонро гӯш мекунам.
- Чаро тасмим гирифтед, ки суруди шодравон Наргис Бандишоеваро бозхонӣ кунед?
- Ман бисёр сурудҳои марҳум Наргис Бандишоеваро дӯст медорам. Аз меҳри зиёд суруди “Дар ҳама олам...”-ро бозхонӣ кардам, ки аз ҷониби мухлисон низ хуб қабул карда шуд.
- Аз кай боз мӯйи сари Фотима қайчиро надидааст, яъне дароз аст?
- Дар хурдӣ бемории вазнинеро аз сар гузаронида будам, ҳамон вақт каме мӯйи сарамро бурида буданд. Дигар дар ёд надорам, ки кай мӯямро қайчӣ задаам. Ба мухлисонам, ки таваҷҷуҳ карда пурсиданд, тавсия медиҳам, ки мӯяшонро пеш аз оне, ки шампун мекунанд, бо собуни сиёҳ шӯянд. Аввал бо собуни сиёҳ шӯянд ва чанд дақиқа истода, барои бӯйи нохушро дур кардан метавонанд аз шампун истифода баранд. Собуни сиёҳ мӯйро ғафс мекунад.
- Фотима нияти барпо кардани консерти худро дорад?
- Бале, вале ҳоло омода нестам. Мехоҳам барномаи консертии ман хушку холӣ набошад. Бояд ҳазлу ханда ҳам дошта бошад, мисли консертҳое, ки дар кишварҳои хориҷ мегузарад. Барои дар ин сатҳ гузаронидан бояд ман омода шавам.
- Чун шумо оиладор ҳастед, бароятон хушбахтии оилавӣ, дар роҳи санъат, ки хеле мушкил аст, сабру таҳаммул мехоҳам. Бигзор ҳеҷ гоҳ дар чашмони шумо ашк набошад.