Имрӯз Сангалӣ Мирзоев, овозхони маҳбуб ва Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон 60-сола шуд. Ба ин муносибат сомонаи "Oila" ба овозхон занг зада, ӯро ба ин саннаи мубораки умр шодбош гуфт ва аз дирӯзу имрӯзаш пурсид.
Ҳунарманд ба тамоми кормандон ва хонандагони сомона, ки зодрӯзи ӯро фаромӯш накарданд, ташаккур гуфта, зикр кард, ки нав ҳамроҳи писараш аз бозор омадааст.
“Маҳсулоти ошро харидем. Шукр ,ки 4 набера дорам ва имрӯз ҳамроҳи онҳо зодрӯзамро ҷашн гирифтаниам”,-гуфт овозхон.
Дар посух ба суоли он ки “Ошро кӣ мепазад?” ҳунарманд гуфт, ӯ ба писараш ин маҳораташро омӯзонидааст ва акнун худаш танҳо машварат медиҳад.
“Ман чунон оше мепазам, ки ба касе намерасад. Пурсед, ки чаро? Чунки меҳмононамро аввал хуб гурусна мекунам. Чунон гурусна мекунам, ки маззаро нафаҳманд. Баъди ин, агар ош хоҳ лаззат дошта бошад, хоҳ не, ҳамаашро мехӯранд ва ҳатто ба ақибомадагиҳо ҳам намерасад", - гуфт овозхон бо ханда.
Вобаста ба дирӯзи рӯзгораш сарояндаи маҳбуб гуфт аз умре, ки гузаронид, пурра қаноатманд аст ва барои чизе таассуф намехӯрад, зеро ҳамеша дар хидмати халқ буд ва ҳатто дар лаҳзаҳои душвор ҳам аз онҳо канор нарафт.
Сангалӣ Мирзоев нақша дорад вобаста ба 3 саннаи муҳими умр – 60-солагии ҳунарманд, 40-солагии фаъолияти эҷодӣ ва 40-солагии оиладорӣ шаби эҷодиашро гузаронад.
“Нақша дорам моҳи август ҷашнро гузаронам, чунки имсол якбора 3 юбилей дорам. Ман 23 августи соли 1983 оиладор шудам ва шояд ҳамин рӯз чорабинӣ гузарад. Ҳоло пайи корҳои ташкилиам”,-гуфт ҳунарманд.
Сангалӣ Мирзоев овозхони маъруфи тоҷик аст, ки 9 июни соли 1963 ба дунё омадааст. Имсол ӯ 60 – сола шуд.
Аз идора: Ҳайати эҷодии сомона овозхони маҳбубро ба ин саннаи фархундаи умр таҳният гуфта, таманно доранд, ки Сангалӣ Мирзоев садсолаҳои дигар пайи хизмати мардум бошад.