29-уми май дар Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо Форуми минтақавӣ оид ба мониторинги пиряхҳо ва криосфера дар Осиёи Марказӣ доир мегардад.
Бино ба иттилои Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, форум бо иштироки намояндагони давлатҳои Осиёи Марказӣ, созмонҳои байналмилалӣ ва вазорату идораҳои дахлдор баргузор мешавад.
- Форум бо мақсади баланд бардоштани сатҳи огоҳӣ дар бораи тағйирот дар криосфера ва дар шароити тағйирёбандаи иқлим, инчунин баланд бардоштани огоҳии минбаъда дар доираи Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо (соли 2025) доир мегардад. Баргузории ин форум дар ҳифзи пиряхҳо, тақвияти ҳамкории минтақавӣ ва байналмилалӣ дар ин самт нақши муҳим мегузорад,- меафзояд манбаъ.
Ёдовар мешавем, ки 29-31-уми май дар шаҳри Душанбе Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо баргузор мешавад. Он имконияти хуб барои муаррифии иқтидори илмӣ ва имконияти бунёдии Тоҷикистон дар масъалаи ҳифзи пиряхҳо арзёбӣ мегардад.