Arzon march 2024
ФОРУМИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ “МАРҲАБО БА ХАТЛОНИ БОСТОН”
285

Таҳти ин унвон 5 марти соли ҷорӣ дар шаҳри Кӯлоб Форуми байналмилалии сайёҳӣ баргузор мегардад. Коршиносон баргузории ин Форумро барои мубодилаи афкор ва таҷриба, баррасии имкониятҳои мавҷуда ва тавсеаи ҳамкориҳои судманди иштирокчиёни он муҳим арзёбӣ мекунанд. Дар ин бора аз МИҲД-и шаҳри Кӯлоб хабар доданд.

Қобили зикр аст, ки бо шарофати Истиқлоли давлатӣ, таъмини амнияту субот дар кишвар ва таваҷҷуҳи Пешвои муаззами миллат барои ҷалби сайёҳон шароити мувофиқ таъмин гардида, ташрифи сайёҳон сол то сол бештар мешавад.

Ҳамзамон, Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи «Стратегияи рушди сайёҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» қабул гардидааст, ки ин стратегияи дарозмуддати рушди соҳа буда, дар он ҳадафҳо, захираҳои мавҷуда, таъсири омилҳои беруна ба рушди соҳа ба инобат гирифта шудаанд.

Бо мақсади боз ҳам тавсеа бахшидани соҳаи сайёҳӣ, истифодаи самараноки имкониятҳои мавҷуда дар ин самт, инкишофи инфрасохтори сайёҳӣ, беҳтар кардани сифати хизматрасонӣ, густариши раванди танзими давлатӣ ва дастгирии сайёҳии дохиливу хориҷӣ, ҷалби ҳарчи бештари сармоя дар ин самт аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон тадбирҳои ҳадафманд андешида шуда, ин самти муҳим ҳамаҷониба дастгирӣ ёфта истодааст.

Айни ҳол дар қаламрави вилоят 933 ёдгории таърихию фарҳангӣ мавҷуданд, ки аз онҳо 721 ёдгории бостонӣ, 125 ёдгории меъморӣ ва 87 ёдгории монументалиро ташкил медиҳанд.

Боиси ифтихор аст, ки ёдгориҳои таърихию фарҳангии вилояти Хатлон, аз қабили қалъаи “Ҳулбук”-и ноҳияи Восеъ, дайри буддоии “Аҷинатеппа”-и ноҳияи Вахш, мадрасаи “Хоҷа Машҳад”-и ноҳияи Шаҳритус, шаҳраки “Тахти Сангин”-и ноҳияи Қубодиён ва Мамнуъгоҳи “Бешаи палангон”-и ноҳияи Дӯстӣ ба Феҳристи мероси умумиҷаҳонии ЮНЕСКО дохил гардидааст, ки ҳамарӯза сайёҳон аз ин мавзеъҳо дидан менамоянд.

Тибқи маълумоти оморӣ, ба вилояти Хатлон дар моҳи январи соли ҷорӣ, дар умум, 33327 нафар сайёҳони дохиливу хориҷӣ ташриф овардаанд, ки аз ин ҳисоб 3589 нафарашон сайёҳони хориҷӣ мебошанд.

Дар форуми байналмилалии сайёҳии “Марҳабо ба Хатлон”, ки дар шаҳри Кӯлоб доир мешавад, иштироки роҳбарияти вилояти Хатлон ва сохторҳои дахлдори ҷумҳуриявӣ, намояндагони корпусҳои дипломматӣ, ширкатҳои сайёҳии ватанӣ ва хориҷӣ, доираҳои сармоягузорӣ ва коршиносони байналмилалӣ пешбинӣ гардидааст.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД