arzon replenishment
Форуми ҷавонони соҳибкор дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон
391


«Ҷавонон–муҳаррики рушди соҳибкории инноватсионӣ»-таҳти ҳамин унвон дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Форуми миллии соҳибкорӣ баргузор гашт, ки ҳадаф аз он ҷалби ҷавонон ба фаъолияти соҳибкорӣ ва омӯзиши таҷрибаи пешқадам барои рушди соҳибкорӣ буда, ба таъсиси ҷойҳои нави корӣ барои ҷавонон мусоидат менамояд. Қисми зиёди иштирокчиёни форум донишҷӯёни равияҳои иқтисодии донишгоҳи миллӣ ва дигар донишгоҳу донишкадаҳои олии мамлакат буданд.

Тавассути чунин ҳамоишҳо донишҷӯён метавонанд дониши назариявии худро дар амалия татбиқ намоянд. Таъкид карда шуд, ки ҷавонон қувваи созанда ва пешбарандаи ҷомеа буда, метавонанд бо донишу заковати худ дар пешрафти тамоми соҳаҳо нақши бориз гузоранд ва давлату миллати тоҷикро дар арсаи ҷаҳонӣ муаррифӣ намоянд.

Форуми мазкурро Корхонаи воҳиди давлатии «Маркази рушди зеҳнӣ ва иқтисодии ҷавонон»-и Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар доираи Нақшаи чорабиниҳо бахшида ба Моҳвораи ҷавонон ва Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон-23 май баргузор намуданд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД