arzon replenishment
Фондарё “Mercedes-Benz”-ро бо мусофиронаш фурӯ бурду...
1193


Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода ва мудофиаи граждании Тоҷикистон аз сар задани як ҳдисаи нохуш хабар додааст, ки бар асари н 3 нафар ҷони худро аз даст дданд.

Тибқи маълумоти навбатдори фаврии Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ дар вилояти Суғд рӯзи гузашта, 31 – уми август, тахминан соатҳои 20:05 дақиқа дар километри 121-и шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд, дар мавзеи деҳаи Чореи назди пули чорроҳаи Айнӣ-Хуҷанд садамаи нақлиётӣ сар зада, мошини сабукрави тамғаи “Mercedes-Benz”, ки ба як сокини деҳаи Сурхи шаҳри Исфараи вилояти Суғд мутааллиқ буд, ба ҷарии тақрибан 35-40 метра сарозер шудааст.

Мошин аз шаҳри Душанбе ба самти Хуҷанд дар ҳоли ҳаракат будааст, вале сабаби садама дақиқан маълум нест. Ба эҳтимоли зиёд бо сабаби аз ҳад баланд будани суръати ҳаракат ронанда мошинро натавонистааст идора кунад ва мошин ба қаъри ҷарӣ афтодааст. 3 мусофири мошин бар асари ин фалокат ба ҳалокат расида, дастаи махсуси зудамали наҷоти Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ дар водии Зарафшон ҳамроҳи ронандаҳо ва мусофирони роҳгузар соҳиби мошин ва яке аз мусофиронро, ки сокини 60-солаи ҷамоати деҳоти Чоркӯҳи шаҳри Исфара будааст, бо ҷароҳатҳои вазнин аз дохили мошин берун оварда, ба бемористон интиқол додаанд.
Ҷасади се мусофири ҳалокшударо то ҳол дар Фондарё ҷустуҷӯ доранд.
Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хотиррасон мекунад, ки аксари садамаҳо дар роҳ бо гуноҳи ронандагоне рух медиҳанд, ки қоидаҳои ҳаракатро риоя накарда, дар роҳҳои морпечи кӯҳӣ ҳам бо суръати баланд ҳаракат мекунад. Аз ин лиҳоз аз ронандагон хоҳиш карда мешавад, ки қоидаҳои бехатариву амниятро ҳангоми сафар ба минтақаҳои дурдаст риоя намуда, ҷони худу ҳамсафаронашонро дар хатар наяндозанд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД