arzon replenishment
Фолбине, ки бо пашми саг ҷоду мекард ба чанг афтид
734



Дар Вилояти Суғд занеро, ки чандин сол боз бо сеҳру ҷодугарӣ машғул буд, дастгир намуданд. Ин соҳири суғдӣ ба қавле бо пашми саг ҷоду мекардааст.

Валентина Мирзобоева, сокини ҷамоати деҳоти Гулхонаи ноҳияи Ҷаббор Расулов буда, чандин сол боз бо сеҳру ҷодугарӣ мағшул буд. Валентина ҳамчун “ғайбдон”, “мушкилкушо” ва ҳатто “зани худодод” дар байни мардум шӯҳрат дошта, мизоҷони зиёде доштааст, вале дар асл ин зан тамоман саводи динӣ надорад.
Овозаи фолбинии Валентина на танҳо дар ҷамоати деҳоти Гулхона ва ноҳияи Ҷаббор Расулов, балки дар дигар шаҳру ноҳияҳои вилоят низ паҳн шуд, ба наздаш одамони зиёде меомаданд, то дар кушодани чигили кори худ аз ин зан ёрӣ бипурсанд. Аксари мизоҷони ин ба ном фолбину соҳир занони содаву зудбовар буда, ба хотири гарму сард кардани муносибати шавҳар ва аҳли хонавода, кушоиши дари бахти духтарон, фарзандталабӣ (тавба бояд аз худо талаб кунем охир) дари ӯро мекӯфтанд ва Валинтина бо ваъдаҳои хушку холӣ онҳоро ба домаш афканда, пулу моли зиёде талаб мекард.

Ин фолбини “машҳур” танҳо аз як сокини ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дар оғози фолаш 500 сомонӣ пул талаб карда гирифтааст.


Тавре Акбар Шарифӣ, котиби матбуоти РВКД ҶТ дар вилояти Суғд гузориш дод, айни ҳол нисбати Валентина Мирзобоева бо моддаи 482-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ (Машғул шудан ба сеҳру ҷоду ва фолбинӣ) парвандаи маъмурӣ кушода шуда, ба андозаи 2560 сомонӣ нисбаташ ҷарима тадбиқ гардидааст. Мувофиқи талаботи ин моддаи Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ барои машғул шудан ба сеҳру ҷоду ва фолбинӣ ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз чил то панҷоҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад. Барои дар давоми як соли баъди таъйини ҷазои маъмурӣ такроран содир намудани кирдори дар қисми якуми ҳамин модда пешбинишуда, ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз шаст то сад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.

Мӯсозода:
Фолкушоӣ гуноҳи кабира аст 

Ҳоҷӣ Ҳусайн Мӯсозода, роҳбари шӯрои уламои дини вилояти Суғд аз афзоиши фолбинӣ ва фирефташавии шаҳрвандони соддалавҳ ба фолу фошкушӣ васеҳру ҷоду изҳори нигаронӣ карда гуфт:
-Сеҳру ҷоду таърихи чандҳазорсола дошта, ҳанӯз замонҳои паёмбари ислом Ҳазрати Муҳаммад (С. С) вуҷуд дошт, вале аз нигоҳи дини мубини ислом бовар кардан ба фолбин ширк овардани ба худост ва гуноҳи кабира ба шумор меравад. Онҳое, ки назди фолбин мераванд, огоҳ бошанд, ки даст ба гуноҳи кабира задаанд. Аксари занон барои бахткушоӣ, гарму сардкунӣ, бефарзандӣ ва даҳҳо мушкили дигар назди фолбин мераванд ва гӯё корашон ҳал мешавад, вале фарзанду бахтро танҳо худованд ато мекунад. Мушкили ҳар як инсонро танҳо офаридор ҳал карда метавонад. Набояд фаромӯш кард, ки 99%-и суханоне, ки фолбинҳо ба корафтодагон мегӯянд, дурӯғ ва бепоя аст. Рӯй овардан ба фолбинӣ кори мусалмон нест ва ҳар кас, ки аз гумроҳӣ ба назди фолбину ҷодугарон рафтааст, бояд тавбаву истиғфор намуда аз худованди меҳрубон бахшиши гуноҳони худро бипурсанд.

Афзоиши фолбинҳо ва ҷодугарон ва пулҳои бо нӯги сӯзан ҷамъ кардаи мардҳоро бо нӯги панҷшох ба ҳаво бод додани як идда занони содаву гумроҳи фолбинраваку муллодавак аз ҷумлаи мушкилотест, ки ҷомеаи моро нигарон кардааст. Фаромӯш накунед, ки машғул шудан бо фолбинию ҷодугариро Худованд дар китоби муқаддаси Қуръон ҳаром шумуридааст.
Фарзона Муродӣ

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД