Commerce bank may-june 2026
Фолбине, ки бо муш ва сӯзан ҷодугарӣ мекард, ба даст афтод
101

Кормандони милитсия дар шаҳри Душанбе занеро боздошт намудаанд, ки бо истифода аз сӯзану ришта ва муш ҷодугарӣ мекардааст.

Тибқи иттилои Раёсати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе, Пирӯза Тоирова аз ҷониби кормандони бахши кор бо ноболиғон ва ҷавонони шуъбаи корҳои дохилии ноҳияи Фирдавсӣ бо гумони машғул шудан бо фолбинӣ ва сеҳру ҷоду боздошт шудааст.

Дар рафти тафтишот исбот шудааст, ки Пирӯза Тоирова, соли таваллудаш 1986, бо истифода аз риштаҳои ранга, сӯзан ва ҳайвонот, аз ҷумла мушҳо фолбинӣ ва сеҳру ҷодугарӣ карда, аз шаҳрвандон пул мегирифтааст.

Аз рӯйи ин ҳодиса нисбати Пирӯза Тоирова тибқи моддаи 482-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон протоколи маъмурӣ тартиб дода шуда, суд ин занро ба андозаи 80 нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима бастааст, ки 6240 сомониро ташкил медиҳад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД