goodwell
Фолбин барои “хизматҳояш” аз 1000 то 4000 ҳазор сомонӣ мегирифтааст
19.08.2026
Oila.tj
52

Кормандони милитсия дар Панҷакент занеро бо гумони машғул шудан бо сеҳру ҷодугарӣ боздошт намудаанд. Ҷумъагул Қозиева сокини деҳаи Ёрӣ буда, ба қавли худаш, бахти духтаронро кушода, забонбандӣ ва гармию хунукӣ мекардааст.

Дар хабар омадааст, ки ин зан бо истифода аз об, ришта ва шамъ гўё мушкилоти корафтодагони содаву гумроҳро бароварда мекардааст. Худи фолбинзан иддао дорад, ки бо фурӯзон крадани шамъ бахти духтаронро мекушод ва бо истифода аз ришта муносибатҳои зану шавҳарро гӯё гарм ё сард менамуд ва бо молидани хуни чорво ба бадани беморон онҳоро аз тарсу ваҳм шифо мебахшид.

Гуфта мешавад, ки Ҷумъагул Қозиева барои ин “хизматҳояш” аз корфтодагон аз 1000 сомонӣ то 4000 ҳазор сомонӣ талаб карда мегирифтааст. Оид ба ҳолати мазкур нисбати ӯ протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шудааст.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД