Arzon march 2024
Фоидаи меваю сабзавоти сурх ва норинҷӣ ба саломатии инсон
818

Меваю сабзавот ба саломатии инсон фоида дорад, махсусан агар рангашон сурх бошад. Мехоҳед сирри фоиданокии меваю сабзавоти сурхро бидонед? Пас, мутаваҷҷеҳ бошед!

Муъҷизаи бета-каротин ва антиоксидантҳо

Гап дар сари он аст, ки дар таркиби меваю сабзавоти рангашон сурх ё норинҷӣ бета-каротин ва антиоксидантҳо хеле зиёд мебошад. Ин ду модда ҷисми инсонро аз бисёр бемориҳо, аз ҷумла касалиҳои хатарноки саратон ва дилу рагҳои хунгарди он муҳофизат менамоянд.

Мӯрчамиён шудан мехоҳед?

Шахсоне, ки мехоҳанд вазни зиёдатии худро партофта, химчамиёну зебову дилкаш гарданд, бояд бештар меваю сабзавоти рангаш сурх ва норинҷӣ хӯранд. Меваҳои сурху норинҷӣ ҳамчунин ба пӯсти инсон таровати тоза бахшида, раванди пириро ба таъхир меандозанд. Ҷавон мондан хоҳед, яхдони худро пур аз бештар меваю сабзавоти сурху норинҷӣ созед.

Афлесун-манбаи витамини С

Байни меваҳо апелсин мақоми хос дорад. Беҳуда нест, ки нархи ин меваи лазиз дар ягон фасли сол паст намешавад. Апелсин аз витамини С бой буда, системаи муҳофизатии ҷисми инсон, яъне иммунитетро пурқувват ва ба тамоми намуди бемориҳо тобовар мегардонад.

Боз як хосият апелсин дар он аст, ки дар таркибаш клетчатка дорад. Хӯрдани як-ду дона апелсин кофист, ки кас худро сершуда эҳсос намояд. Шумо метавонед субҳу шом апелсин хӯред ё аз ин меваи лазиз ҳар хел хӯришҳои мевагӣ омода намуда, нӯши ҷон созед.

Сабзӣ хӯреду солим бошед!

Байни сабзавот бошад, сабзӣ барои саломатии инсон хеле фоиданок аст. Он аз клетчатка, калий ва витамини А бой буда, тамоман равған надорад. Сабзӣ ба ҷавону зебо мондани инсон ёрӣ мерасонад.

Занҷабили булғорӣ

Занҷабили булғорӣ, махсусан булғории рангаш сурх барои саломатӣ фоидаи бисёр дорад. Дар таркиби занҷабили булғории рангаш сурх миқдори зиёди витамини С мавҷуд буда, касро аз бисёр касалиҳо, аз ҷумла зӯком, бемориҳои сироятӣ ва ҳатто касалии саратон эмин медорад.

Каду хӯред!

Бисёриҳо ба каду назарногирона менигаранд, вале он ба ҷисми мо бисёр моддаҳои муфидро дода метавонад. Дар таркиби каду клетчатка, калий, витамини А ва моддаҳои дигаре мавҷуданд, ки инсонро аз бисёр касалиҳо эмин нигоҳ дошта метавонанд. Шумо метавонед кадуро бирён карда хӯред ё ба шӯрбо ва дигар хӯрокҳо андозед.

Манго камхуниро пешгирӣ мекунад

Манго аз зумраи он меваҳои лазизи экзотикие мебошад, ки хурду калон хӯрданашро дӯст медоранд. Бо дидани манго кас худро дар соҳили баҳр ё дар рӯйи реши ба мисли зарраҳои офтоб дурахшон эҳсос менамояд. Манго тамъи нарми ба худ хос дошта, аз калий, витаминҳои А ва С, ҳамчунин аз оҳан бой аст ва бисёр бемориҳо, аз ҷумла камхуниро пешгирӣ менамояд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД