Formula novemver 2024
Фоҷиаи як оила дар Хуҷанд
1102

Аксаран беэҳтиётии ронандагон боиси сар задани ҳодисаҳои ҷигарсӯзе мегардад, ки доғи он як умр дар қалбҳо боқӣ мемонад. Тақдири талхи Сабринаи хурдакак далели равшани ин гуфтаҳост...

Сабрина ҳамагӣ ду сол дошт ва ба тозагӣ роҳгардон шуда буд. Шояд ин духтарчаи дустрӯяк роҳҳои зиёдеро дар зиндагӣ тай мекард, вале тифли бегуноҳ зери чархи мошин монда, ғарқа дар хуни худ ҷон ба ҷонофарин супурд.

Тавре ки Вазорати умури дохилии кишвар хабар додааст, ҳодиса рӯзи 6-уми сентябр, тахминан соатҳои 18:20 дақиқа сар зада, ронандаи автомашинаи тамғаи «БМВ М5 Е60», Толибзода Соҳибҷон, соли таваллудаш 1991, сокини шаҳри Хуҷанд ҳангоми аз назди даромадгоҳи манзили истиқоматиаш ба қафо гирифтани автомашинааш кӯдаки хурдсоли ҳамсояаш Ҳусейнзода Сабрина Мубин, соли таваллудаш 2022, сокини шаҳри Хуҷандро пахш намудааст. Дар натиҷа, хурдсол Ҳусейнзода С. М. дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.

Оид ба ин ҳодиса таҳқиқот идома дорад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД