arzon replenishment
Фоҷиаи такрорӣ дар Русия: Марги се муҳоҷири тоҷик дар вилояти Самара
1081


Дар ноҳияи Сизрани вилояти Самараи Русия дар шоҳроҳи М5 “Урал” дар натиҷаи ба як фураи тамғаи “MAN” бо қариб 20 тонна орд бархӯрдани мошини сабукрави тамғаи “Киа-Рио” се мусофири мошини сабукрав ҷон бохта, ронанда ва як мусофири дигараш бо ҷароҳати вазнин бистарӣ кардаанд.

Дар ин бора Каримҷон Ёров, фаъоли ҷомеаи муҳоҷирон дар Фейсбук хабар додааст, ки қурбониёни ин садама дар ноҳияи Сизран ҳама аз Тоҷикистонанд ва онҳо Очилдиев Холбой Файзуллоевич (2002), ноҳияи Носири Хусрав, Шукуров Садирдин Ёрибекович (1977), ноҳияи Шаҳритӯс, Зиёдалиев Аббосҷон Мақсудович (2002), ноҳияи Носири Хусрав, Сангаков Садурдин Наҷмудинович (2002), ноҳияи Рашт мебошанд. 

Дар як шабонарӯзи охир дуюмин садамаи пурқурбонии муҳоҷирони тоҷик дар Русия мебошад. Ёдовар мешавем, ки 28 августи соли 2022, соати 20:11, бар асари ба фураи тамғаи “Мэн” бархӯрдани мошини сабукрави тамғаи Chevrolet Lano дар дохили базаи меваю сабзавоти маъруф бо номи “Софийская овощебаза” дар шаҳри Санкт-Петербурги Русия се ҷавони тоҷик ба ҳалокат расида, дуи дигарро дар ҳолати вазнин ба бемористон бурданд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД