Ҳодисаи мудҳиш дар шаҳри Турсунзода сар зада, сокини 36-солаи ин шаҳр ҳамсари 30-солаашро кордборон намудааст.
Тавре Вазорати корҳои дохилии кишвар хабар медиҳад, нисфирӯзии 15-уми май, тахминан соати 16:00 дар манзили истиқоматиашон байни зану шавҳар муноқиша сар зада, дар рафти ин моҷарои оилавӣ мард бо корди хоҷагӣ ба узвҳои ҳаётан муҳими бадани ҳамсараш чанд маротиба пай дар пай зарба задааст.
Зан бар асари ҷароҳатҳои вазнини бардоштааш дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расида, марди золим барои содир намудани чунин амали ваҳшиёна аз ҷониби кормандони милитсия боздошт шудааст.
Сабаби муноқишаи хунин маълум нест.
Айни замон нисбати гумонбаршаванда бар асоси моддаи 104-и Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон барои одамкушӣ парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шудааст. Тибқи ин банди қонун барои одамкушӣ ҳамчун ҷазо аз 8 то 25 соли зиндон пешбинӣ мешавад.