Он рӯзи наҳс касе дар хонадони Қаландаровҳо ҳатто ба гӯшаи хаёлаш ҳам намевард, ки пас аз чанд лаҳза ҷисми ба хоку хун оғӯштаи Муҳаммади 9-соларо ба хона меоранд...
Вазорати умури дохилии кишвар аз сар задани як фҷиаи хунин хабар додааст, ки бар асари он як кӯдаки бегуноҳ ҷони ширинашро аз даст дода, хонае мотамсарой гашт ва фиғони падару мдар ба фалак печид. Тавре ки манбаъ мегӯяд, ин ҳодисаи нохуш рӯзи 22-юми октябр, тахминан соати 11:20-дақиқа сар зада, ронандаи автомашинаи тамғаи “Мерседес-Бенс”, Собиров Қадрулло Ёқубович, соли таваллудаш 1997, сокини шаҳри Бохтар, ҳангоми ҳаракат аз самти шаҳри мазкур ба самти шаҳри Душанбе, воқеъ дар ҳудуди ноҳияи Хуросон, аз ӯҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба тарафи рости роҳ баромада, дучархарони хурдсол Қаландаров Муҳаммад Саидшарифович, соли таваллудаш 2013, сокини ҳамин ноҳияро пахш намудааст. Дар натиҷа, хурдсол Қаландаров М.С. ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Мусофири дар дохили мошини мазкур буда Рустамова Қумринисо Темировна, соли таваллудаш 1967, сокини ноҳияи Муъминобод, ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, ҳангоми ба беморхонаи ноҳия дастрас намудан дар роҳ ба ҳалокат расидааст.
Ҳамагӣ як рӯз пас, санаи 23-юми октябр, тахминан соати 14:40-дақиқа боз як садамаи дигари тақдирсӯз сар зада, ронандаи автомашинаи тамғаи «Опел-Астра», Отаев Рустамбой Тухтабоевич, соли таваллудаш 1978, сокини ноҳияи Б. Ғафуров, ҳангоми ҳаракат дар роҳи мошингарди ноҳияи мазкур, аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагард Пулотов Пулотҷон Абдусамадович, соли таваллудаш 1961, сокини ҳамин ноҳияро пахш намудааст. Дар натиҷа пиёдагард, Пулотов П.А. ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст. Оид ба ин ҳодисаҳо таҳқиқот идома дорад.
Дар робита бо ин ҳодисаҳои нохуш аз тамоми ронандагн ва сокинони кишвар хоҳиш карда мешавад, ки ҳангоми ҳаракат дар роҳ эҳтиёткор бшанд ва ҳаёти худу дигаронро зери хатар нагузоранд.