Arzon march 2024
Фоҷеаи бузурги қалби кӯчак
636

14-уми феврал дар Театри давлатии ҷавонони Тоҷикистон ба номи Маҳмудҷон Воҳидов моноспектакли “Актриса” пешкаши тамошобин гардид. Ин намоишро коргардон Қамариддин Мирзоев таҳия карда, нақши ягона ва асосиро ҳунарпешаи шинохта Зарина Бадалова иҷро мекунад.

Фидоии ҳунар

Одатан мо нафаронеро, ки солиёни зиёд дар осиёи ҳунар мӯй сафед кардаанд, фидоии ҳунар мегӯем, вале банда ҷуръат карда, актрисаи ҷавонЗарина Бадаловаро фидоӣ мегӯям. Ва на танҳо ӯро. Дар шароити кунунӣ ҳамаи ҳунармандони ҷавонро метавон бо дили пур фидоӣ гуфт, зеро онҳо бо маоши кам, бо тамошобиникам ва ба намоишҳои сатҳашон на ҳамеша ба талабот ҷавобгӯ сабр карда, кор мекунанд ва ҳунари театрӣ - ин матоъи “касмаёбу касмахар”-ро зинда нигоҳмедоранд. Зарина Бадалова яке аз чунин ҳунарпешаҳост, ки беш аз 15 сол аст, дар Театри давлатии ҷавонони Тоҷикистон ба номи Маҳмудҷон Воҳидов кор мекунад.

Банда, ӯро дар намоишҳои гуногун дидаам. Нақшҳои хубашМарта аз “Иштибоҳ”, модар аз “Имтиҳон”, духтари ошиқ аз “Пайроҳаи тақдир”, духтари шӯху чолок аз “Моҷаро дар Киоҷа”, ҳамчунин дар намоишҳои “Гирдбод”,“Тарма”, “Сухани вопасини модар” ва ғайра мебошанд. Нақшҳои ӯро дар филмҳову саҳнаҳо тамошобин дар ёд дорад, вале Заринаро дар моноспектакли “Актриса” аззовияҳои дигар кашф кардам.

Баҳои устодон

Банда, нахустнамоиши “Актриса”-ро ёд дорам. 6-7 сол пеш аз ин, ин моноспектакл ҳамчун кори дипломии хатмкунандаи зинаи магистратураи бахширежиссёрии Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода, Қамариддин Мирзоев пешкаши тамошобин шуда буд. Раиси комиссияиимтиҳон ҳамон сол Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Савринисо Сабзаалиева (рӯҳаш шод бод) буд. Эшон, баъд аз тамошои намоиш дар бораи он мақолае навишта, даррӯзномаи “Адабиёт ва санъат” нашр карданд. Он навишта баъдан вориди китоби банда “Сарви саҳна” (2019) шуд. СавринисоСабзаалиева ба заҳмати коргардон Қамариддин Мирзоев ва ҳунари Заррина Бадалова баҳои баланд дода, чунин эрод ҳам гирифтаанд: “Ин моноспектакл бисёр аҷиб аст. Зарина Бадалова нақши худро хеле моҳирона иҷро намудааст. Маълум, ки онҳо бо режиссёр забон ёфта, ҳамдигарро дарк кардаанд.

Аз як саҳна ба саҳнаи дигар гузаштан, аз як ҳолат ба ҳолати дигар даромадан ба ӯ ба хубӣ даст медиҳад. Нутқ ва эҳсоси ӯ ниҳоят хуб аст.Аммо як чиз ҳаст, ки бояд ошкоро бигӯям, кош Зарина аз ман наранҷад, аммо ӯ каме фарбеҳ шудааст, ки барояш халал мерасонад. Ӯ ҳоло ҷавон аст, чусту чолокӣаз ӯ талаб карда мешавад. Дар ин спектакл ҳам, ӯ дар иҷрои рақсҳо ва ҳаракатҳо каме душворӣ кашид. Бинобар ин, ман тавсия медодам, ки ӯ каме вазнашро партояд, ба гимнастика машғул шавад. Зеро ман, ва умуман театри тоҷик аз ӯ умедҳои зиёд дорем” (Сарви саҳна, саҳ. 216).

Эътирофи “Актриса”

Моноспектакли “Актриса” аз ҳамон рӯзҳои аввал диққати ҳам мутахассисон, ҳам тамошобинон ва ҳам аҳли ҳунарро ҷалб карда буд. Дар бораи иннамоиш назарҳои мухталифро шунидаву хондаем, ки муваффақияти ин намоиш аст.

Дигар ин, ки намоиши мазкур соли 2018 дар 9-умин Ҷашнвораи байналмилалии «Пространство юных» ки дар шаҳри Сочии ФедератсияиРусия баргузор шуд, ширкат карда, соҳиби 5 мукофот шудааст. 3 ҷоиза – “Беҳтарин кори коргардонӣ”, “Беҳтарин асари саҳнавӣ”, “Беҳтарин нақши занона” ва 2 дипломи махсуси аъзоиҳакамон ба актриса ва коргардони намоиш.

Руҳи намоиш ва руҳияи ҳунарманд

Намоиши “Актриса” аз рӯйи асари нависандаи қазоқ КаринаШадимова таҳия шудааст. Асар дар асл “Фоҷеаҳои бузурги қалби кӯчак” унвон дорад.

Банда пас аз тамошои намоиши “Актриса” дар бораи муаллиф зиёд ҷустуҷӯ кардам. Маълум мешавад, ки ӯ адиби шинохта нест, чанд ҳикояву қисса ва 2-3 асари саҳнавӣ дорад, ки ҳама дар сомонаи “Проза.ру” дастрасанд. Пиесаро ҳам аз назаргузаронидам. Бароям рӯшан шуд, ки коргардони намоиш болои он зиёд кор карда, онро бо диди нав, ба рӯҳи мухотаби тоҷикӣ созгор намуда, ба саҳна гузоштааст. Муҳимтарин дастоварди ин намоиш дар он аст, ки он ба руҳи иҷрокунанда – Зарина Бадалова созгор омадааст. Барои ҳамин, зимни иҷрои нақш ӯ муваффақ гардидааст.

Вақте инсон ниқоб мепӯшад

Актриса дар оғози намоиш суол медиҳад: “Ман кӣ ҳастам?Осӣ, ё қиддис? Фаришта, ё Шайтон? Роҳиба, ё фасодкор?” Ва худ ба саволи худ посух мегӯяд: “Бале ман ҳама будам, вале ҳеҷ гоҳ худам набудам. Зеро манактриса ҳастам!”. Намоиш ҳам дар бораи он аст, ки инсонҳо ҳамеша ниқоб мепӯшанд ва асли хешро пинҳон мекунанд.

Рӯзгори ин актриса ҳам чунин аст. Ӯ дар зиндагӣ фоҷеаҳоибузургеро аз сар гузаронидааст. Ӯ ҳамагӣ 24-сол дорад, вале қалби ҳассосаш шикаста асту танаш бемор, бо вуҷуди ин рӯҳаш нашикаста аст. Ӯ дафтарихотироташро боз мекунад, ки рози дили дардмандашро бо он қисмат кунад ва ҳамчунин ба зиндагии хеш назар намояд. Ӯэҳсос мекунад, ки зиндагиаш мисли рӯде равон асту вай дар канораш нишаста, онро тамошо мекунад ва хулоса мебарорад. Намоиши “Актриса” аз рӯйи хати сюжет аз се бахш иборат аст.

Дар бахши аввал ҳунарпеша аз рӯзгори талхи кӯдакӣ, танҳоӣ, падараш, ки оиларо раҳо кардааст, модараш, ки шавҳари нав мекунад ва ӯсоҳиби ду хоҳарча мешавад, бибиаш ки ӯро дӯст медошт ва кӯдакони маҳалла, ки озораш медоданд, нақл мекунад.  

Хушбахтии воқеии “Актриса” замоне оғоз мешавад, ки ӯро батеатри мактабӣ мегиранд, ва ӯ нақшҳои нав ба навро бозӣ мекунад. Ӯ он замон воқеан хушбахт буд, вале вақте падари духтари беҳунар, бо пул нақши асосии ӯромегирад, ӯ дарк мекунад: “Дар дунё ҳама чиз бо пул хариду фурӯш мешавад...”.

Рози ниқоб пӯшидан ва бо ниқоб гаштан, асрори аз асли хеш дур шуда, бо гирудоризамона созиш карданро ӯ ҳамон замон дарк мекунад.

Бахши дуюми намоиш даврони шубоб ва қиссаи ишқи актриса аст. Ӯ ба ҷавоне дил мебандаду ӯро девонавор дӯст медорад. Вале он ҷавон, баривази ишқи покаш ба номусаш дастдарозӣ мекунад. Ӯ ҳамон лаҳза хулоса мебарорад: “Ишқ дурӯғ аст!”. Вале бо вуҷуди ин, умедро аз даст намедиҳад.

Бахши сеюми намоиш талош барои зиндагист. Актриса рӯзе бабемористон меафтад ва маълум мешавад, ки ба саратони мағзи сар гирифтор шудааст. Ӯ бо вуҷуди он ки аз зиндагӣ дилшикаста аст, ангор ба зиндагӣ муҳаббатнадорад, аз гирудори ҷаҳон хаста шудааст, вале бо шунидани хабари беморӣ, дар қалбаш меҳри зистан пайдо мешавад, девонавор мехоҳад зиндагӣ кунад. Бинобар ин,ӯ бо вуҷуди фоҷеаҳои бузург, бо вуҷуди нокомиву шикасту рехт, бо вуҷуди бемории вазин, ба рӯ ниқоб мекашад ва аз худкушӣ даст кашидаву мегӯяд: “Ман актрисаҳастам ва то он замоне, ки шумо бароям қарсак мезанед зиндагӣ мекунам!”.

Достони зиндагии ин актриса бисёр риққатовар аст ва инсонро водор мекунад, ки аз сарнавишти хеш андеша бикунад.

Рамзу роз

Намоиши “Актриса” рамзу розҳои зиёде дорад. Коргардонурассом ва ҳунарпеша барои ба саҳна гузоштани он зиёд заҳмат кашидаанд. Аз оғози достон то ба охир ҳамбозиҳои актриса лухтакҳо ҳастанд, ки онҳоро дастӣсохтаанд. Ин лӯхтакҳо ҳам нақш мебозанд. Яке падар асту яке модар, дигаре хоҳару, сеюмӣ бибӣ. Яъне, ин лухтакҳо муқаррарӣ нестанд. Ҳатто ранги онҳобесабаб интихоб нашудаанд, барои мисол, лухтаки падару падарандар рангашон зард аст, ки рамзи ғуссаву ҷудоист... Лухтакҳои дигар, ки беҷон дар қандилҳо кашоландҷомеаи мост, ки ба ғаму дарди касе шарик намешаванд ва дар бештарин мавридҳо бетарафиро пеша кардаанд. Актриса ҳар гоҳ онҳоро такон додан мехоҳад, валеҳамоно берӯҳанд. Фарши дастибофи намоиш, ки рангоранг асту ба сони парвона сохта шудааст, саҳнаи зиндагист, ки ҳазорон ранг дорад ва шоҳиди ғаму шодиҳоимост. Яъне, дар ин намоиш ҳама чиз дар ҷойи худ аст. Интихоби мусиқӣ ҳам бо завқи вижа аст.

Албатта, дастоварди муҳимтарини ин намоиш бозии бисёрзебои актриса Зарина Бадалова аст. Ӯ тавонист, ки қаҳрамонашро дар ҳолатҳои гуногун, биофарад. Дар лаҳазоти кӯдакӣ бепарво даву тоз намояд, бо бибиашбарфбозӣ кунад, аз дугонаҳояш биранҷад, дар лаҳзаи ошиқӣ девонавор парвоз кунад ва дар лаҳзаи ғам бисӯзаду бирён шавад...

Дигар бурди актриса дар ин намоиш ҳамкорӣ бо толор аст. Ӯба тамошобинон савол медиҳад, посух мегирад, бо онҳо робита барқарор мекунад, аксҳояшро нишон медиҳад, ба онҳо ширинӣ мефурӯшад ва дар образи Чарли Чаплин ботамошобинон ҳамбозӣ мешавад. Худ иҷрои олии образи Чаплин ва робита бо толор дастоварди беназири ин намоиш аст. Рақси пуршур, ки толорро ба ваҷд меорад, низбурди намоиш мебошад.

Дар умум, “Актриса” яке аз дастовардҳои Театри давлатии ҷавонони Тоҷикистон, ба номи Маҳмудҷон Воҳидов ва марҳилаи муҳими эҷодӣ бароиҳунарпеша Зарина Бадалова мебошад.

Мо ба ин ҳунарпеша барору комёбӣ ва ҷустуҷӯҳои нави ҳунарӣ орзу дорем.

Боз дар бораи Зарина Бадалова

Зарина Бадалова зодаи шаҳри Душанбе аст. Мактаби №51-ро хатм карда, мехоҳад, ки ҳунарпеша шавад, вале хонаводааш зид мебароянд. Аз инрӯ, ба колеҷи тиббӣ ҳуҷҷат месупорад ва донишҷӯ мешавад. Аммо ҳамон сол аз таҳсил даст кашида, алорағми зиддияти хонавода соли 2007 донишҷӯйи шӯъбаиактёрии Донишкадаи давлатии санъат ва фарҳанги Тоҷикистон, ба номи Мирзо Турсунзода мешавад. Дар замони донишҷӯйӣбарои иҷрои нақш ба намоиши “Шаби дарозтар аз қарн”, ки устодаш Нозим Меликов ба саҳна мегузошт, даъват мешавад ва ҳамин тавр сарнавишти хешро ба Театриҷавонон мепайвандад. Давоми беш аз 15 соле, ки дар театр фаъолият мекунад, дар 20 намоиш нақш офарида, ду маротиба дар ҷашнвораҳо ҷоизаи “Беҳтарин нақшизанона”-ро дарёфт кардааст, ки барои ҳунарманди театр ин ҷоизаи муҳим ба ҳисоб меравад. Зарина Бадалова модари ду фарзанд аст.

Одил НОЗИР

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД