gazprom august 2025
“Фирӯзаи бренд” боз ба ҷавобгарӣ кашида шуд
06.09.2025
Oila.tj
247

Нисбати Фирӯзамоҳ Давлатова, сокини 41-солаи пойтахт маъруф ба “Фирӯзаи бренд” чораандешӣ сурат гирифтааст.

Бино ба иттилои Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе, бо вуҷуди он ки қаблан барои бадгуфторӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ чандин маротиба ба ҷавобгарӣ кашида шуда буд, Давлатова рафтори худро ислоҳ накарда, ҳамоно дар шабакаҳои иҷтимоӣ бо алфози қабеҳ баромад мекард, ки ин боиси вокунишҳои зиёди шаҳрвандон гардидааст.

Кормандони шуъбаи кофтукови ҷиноятии Раёсати ВКД нисбати ӯ протоколи маъмурӣ тартиб дода, парванда ба суд ирсол шудааст. Бо қарори суд Давлатова ба муҳлати 12 шабонарӯз ба ҳабси маъмурӣ маҳкум гардид.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД