Sebiston new 2024 october
Фирӯза Ҳафизова: Ордҷаллобон гирифтори ғазаби Худо мешаванд
3442

Фирӯза Ҳафизова - овозхони шинохтаи тоҷик, ки видеоҳояш дар шабакаҳои иҷтимоӣ баҳсҳои тунду тезро ба миён меорад, шаби гузашта давоми 4 соат мустақим сӯҳбате орост, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ пахш гардид ва вокуниши зиёдеро нишон дод.
Ӯ аз қатъ гаштани консерташ таасуф нахӯрд, лекин нисбати ордҷаллобон изҳори нигаронӣ намуд. 

Фирӯза Ҳафизова дар ин сӯҳбат дар мавзӯи рӯз, яъне каронавирус ҳарф зад. Ин сарояндаи тоҷик  аз фиреби тоҷирони ордфурӯшу испандфурӯш нисбат ба мардум нигаронӣ карда, кори онҳоро "ғайримусулмонӣ ва овардани ғазаби Худованд" номид.

"Айбай. Шумо мардума фиреб кнен, Худора фиреб карда наметонен. Ӯболай. Мардуми бечорара сарсон мекнен, аму бало бия якум шумора мезана". Ин навиштаҳо порае аз гуфтаҳои Фирӯза Ҳафизова дар пахши зиндааш аст. Ҳамчунин, дар ин сӯҳбат Фирӯзаи хушчақчақ бо шухӣ аз соли "МУШ" ҳам ёдовар шуда, гуфт: “муш мушгариша кард. Мардум ҳамара захира карданд".

Дар миёни сӯҳбат яке аз мухлисон аз Фирӯза дар бобати консерташ дар Германия пурсон шуд. Фирӯза Ҳафизова чунин посух дод:


ФИРӮЗА ҲАФИЗОВАРО “СУД” МЕКУНАНД?


"Рости гап, чамадонҳои мо гурӯҳи эҷодӣ тайёр буд. Фақат бояд парвоз мекардему мерафтем, неким гуфтан карантин шидай ҳамара отменит кардан. Ай пушти и кансертм ма чанд тӯю маъракаҳома атказ кардм. Хай шукри Худо созай. Ҳозирашдам закас ҳаст".

Фирӯза дар мавриди зиндагии хонаводагиаш ба мухлисон гуфт, ки аллакай давраи хӯрдану гаштани фарзандонаш расидаасту ӯ тамоми кӯшишаро ба харҷ медиҳад то духтарони нозаш аз чизе танқисӣ накашанд.  

Бояд гуфт, ки Консерти Фирӯза Ҳафизова ва Фарҳод Шамс санаи 22-юми март дар шаҳри Гомбурги Германия бояд баргузор мешуд вале аз сабаби дар иҳотаи Коронавирус қарор доштани ҷаҳон, баргузории консертро сарпарастон манъ карданд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД