Имрӯзҳо аксари муҳҷирони тоҷик аз он нигарон ҳастанд, ки мабодо онҳоро ба ҷанг набаранд. Аз тарси ҷалб шудан ба артиш қисми зиёди муҳоҷирон тарки Русия карда истодаанд, вале тоҷикони шуҷое низ ҳастанд, ки бо азму ирода ва хоҳиши худ ба майдони набард мераванд.
Яке аз чунин ҷавонмардонт ҷасур Фирӯз Салимов мебошад.
Фирӯз Салимов- шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, 10 соли охир дар шаҳри Екатеринбурги Русия дар сохтмон кор мекунад ва ҳамрҳи ҳамсар ва 4 фарзандаш дар он ҷо зиндагӣ дорад. Ин шаҳванди Тоҷикистон ба расонаи маҳаллии УРА. РУ гуфтааст, ки “ Барои ҳимояти Русия аз душман ба ҷанг меравад”
Салимов мегӯяд, ин тасмимаш кулли пайвандонашро хавотир кард, вале новобаста ба ин азмаш ҷиддӣ аст.
“Наздиконам, ба хусус ҳамсарам, дар ташвиш афтодаанд, вале ҳамсарам маро дастгирӣ мекунад. Албатта, вазнин аст. вақте ки кӯдаконро дар хона гузошта меравед, вале ман боварӣ дорам, ки фарзандони ман, бахусус се писарам, бо ман ифтихор хоҳанд кард”-гуфтааст Фирӯз Салимов.
Ин ҷавонмарди тоҷик ба нуқтаи ҷамъоварии сарбозони қарордодӣ борхалтааш дар даст омада буд. Гуфта мешавад, ки ҳамсараш барои ӯ ҳамчун тӯшаи роҳ нони тоҷикӣ пухтааст.
“Ман тайёр шуда омадам. Борхалтаам бо ман аст ва омодаам ҳамин ҳоло ба маҳалли амалиёт биравам. Ҳамсарам бароям чанд нони тоҷикӣ пухтааст. Ва боз ҳар хел шириниҳо гузоштааст дар борхалта”, -нақл кардааст Салимов.
Аз оғози ҷанги Русияву Украина аллакай аз марги 20 тан аз зодагони Тоҷикистон хабар расидааст. Аксари онҳо ба сурати қарордодӣ дар артиши Русия хидмат мекарданд.