Филми ҳунарии «Решаҳо» рӯи навор меояд
12.11.2025
Oila.tj
54

Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» ба наворгирии филми нави ҳунарии «Решаҳо» оғоз кардааст.

Филм қиссаи ҷавонеро баён мекунад, ки пас аз солҳои дурӣ аз Ватан, аз Русия ба Тоҷикистон бармегардад, то падари худро пайдо карда, бо решаҳои аслии худ ошно шавад. Муаллифи филмнома Сафар Ҳақдод буда, коргардонии онро Абдулҳай Зокиров ба уҳда дорад.

Наворбардорӣ дар шаҳри Душанбе, дар маконҳое чун фурудгоҳ, истгоҳи роҳи оҳан ва ибодатгоҳи насронӣ оғоз ёфта, то минтақаи Сари Хосор идома меёбад.

Дар филм ҳунармандони маъруф Мавлона Наҷмиддинова, Зулфия Содиқова, Фирӯза Раҳмонова, Абдумумин Шарифӣ, Хуршед Мустафоев, Умед Султонов, Фарид Мастонов ва дигар чеҳраҳои шинохтаи санъати миллӣ нақшофарӣ мекунанд. Ҳамчунин, ҳунармандон аз театрҳои шаҳрҳои Бохтар ва Данғара низ ҷалб шудаанд.

Нахустнамоиши филми «Решаҳо» дар остонаи Иди модарон ба нақша гирифта шудааст. Абдулҳай Зокиров мегӯяд, ки филм бо пешниҳод ва дастгирии роҳбари МД «Тоҷикфилм» Маҳмадсаид Шоҳиён рӯи навор меояд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД