Аз 16 то 19-уми июли соли равон дар шаҳри Чолпон-Отаи Ҷумҳурии Қирғизистон ҷашнвораи байналмилалии филмҳои Созмони ҳамкории Шанхай баргузор гашта, филми ҳунарии муштараки Тоҷикистону Эрон «Моҳӣ дар шаст» сазовори ҷоизаи «Беҳтарин нақши мардона» гашт.
Тавре масъулини «Тоҷикфилм» гуфтаанд, ба ин ҷашнвора филмҳои истеҳсоли Тоҷикистон, Ҷумҳурии Мардумии Чин, Эрон, Русия, Қирғизистон, Беларус, Узбекистон ва Қазоқистон пешниҳод шуда, ҷоизаи «Беҳтарин нақши мардона» ба ҳунарпешагони филми «Моҳӣ дар шаст» — Хуршед Мустафоев барои иҷрои нақши Самад ва Абдулло Абдураҳимзода барои нақши Далер тақдим гаштааст.
Филми ҳунарии «Моҳӣ дар шаст» истеҳсоли муштараки Тоҷикистону Эрон буда, аз рӯйи филмномаи Бахтиёр Каримов бо коргардонии Муҳиддини Музаффар моҳҳои май-июни соли 2024 дар шаҳру ноҳияҳои Бӯстон, Айнӣ, Панҷакент, Муъминобод, Ваҳдат, Норак ва шаҳри Душанбе наворбардорӣ шудааст. Қаҳрамони асосии асар-Далер тарбиятгирандаи мактаб-интернат буда, барои пайдо кардани модараш ба сафари тӯлонӣ мебарояд ва ҳодисаи таззодҳои зиёдеро аз сар мегузаронад. Нақшҳои асосиро дар филм Хуршед Мустафоев, Сайёра Сафарӣ, Абдулло Абдураҳимзода, Шаҳло Раҳимӣ, Исфандиёр Ғуломов, Моҳпайкар Ёрова, Асалбек Назриев ва Асланшо Раҳматуллоев офаридаанд.
Филми ҳунарии «Моҳӣ дар шаст» то имрӯз дар 13 ҷашнвораи байналмилалӣ иштирок намуда, ба дарёфти 9 ҷоизаи бонуфузи байналмилалӣ мушарраф гаштааст.