Филми тоҷикии “Дом” ба фестивали “Байконур” пешниҳод шуд
134

То 26-уми сентябр дар шаҳри Алмаатои Қазоқистон Фестивали филмҳои дебютӣ ва ҷавонии “Байконур” баргузор мегардад, ки силсилафилми тоҷикии “Дом” низ ба ин синамоҷашнвора пешниҳод шудааст.

Силсилафилми “Дом” дар бораи сарнавишти духтари ҷавону зудбовари тоҷик Малика нақл мекунад, ки аз як деҳаи дурдаст ба шаҳри Душанбе меояд, то барои табобати падараш, ки сахт бемор аст, пул кор кунад, вале ба доми қаллобон афтода, ранҷу азоби бисёре мекашад.

Қобили зикр аст, ки синамогарони кишварҳои Осиёи Миёна ба ин фестивал 67 филм ва лоиҳаҳои навро пешниҳод намудаанд, вале аз ин миён танҳо шаш филм - се филми синамогарони Қазоқистон ва яктогӣ аз Тоҷикистон, Қирғизистон ва Ӯзбекистон интихоб шудаанд.

Дар доираи Фестивали “Байконур” инчунин питчин гузаронида шуда, лоиҳаи филмҳои нав аз ҷониби коршиносони соҳаи синамо мавриди баррасӣ қарор мегиранд. Синамогарони тоҷик низ лоиҳаи як филми навро бо номи “Як бор таваллуд шуда, сад бор мемирем” пешниҳод намудаанд, ки дар бораи тақдири як зани тоҷик, ки орзуи шавҳари 10 сол пеш дар Афғонистон бе ному нишон гумгаштаашро амалӣ карда, ширкати сохтмонӣ ташкил мекунад, вале бо мушкилиҳои зиёде рӯ ба рӯ гашта, азизонашро аз даст медиҳад, нақл мекунад. Муаллифи ин филм коргарони шинохтаи тоҷик Искандар Усмонов, продюсераш Айдархон Адилбоеви қазоқистонӣ мебошанд.

Маросими пӯшидашавии фестивали “Байконур” рӯзи 26-уми сентябр баргузор гашта, ғолибон сазовори ҷоизаҳо хоҳанд гашт.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД