Набиҷон Пирматов, коргардон ва ҳунарманд, қисми якуми филми нави ҳаҷвиашро бо номи “Хусури ман" дар ютубпешниҳод кард.
Муаллиф, коргардон ва офарандаи нақша асосӣ худи Набиҷон буда, филм дар шаҳрҳои Бохтару Душанбе сабт шудааст.
Тибқи муҳтаво Набиҷон дар филм дар як оилаи сарватманд ба воя мерасад. Ӯ шахси бепарво ва шабгард аст, вале ин рафтор ба падараш - Қурбони Собир писанд намеояд. Падару модар - Қурбони Собир ва Савригул Қурбонова мехоҳанд ӯро хонадор кунанд.
Номзади интихобшудаи ӯ - Зайнаб (Гулнозаи Булбул) дар шаҳри Бохтар дар як деҳа зиндагӣ мекунад. Зайнаб бениҳоят духтари коргар, хушмуомила ва меҳрубон асту Абухалил Бӯриевро дӯст медорад.
Хусуршавандаи Набиҷон - падари Зайнаб хеле хасис аст. Нақши хусурро дар филм ҳунарманди ҳаҷвнигор Насриддини Нуриддин офаридааст. Номи ӯ дар филм Ҳайталӣ аст.
Дар ин филм бештар чеҳраҳое нақш офаридаанд, ки дар сериали “Ишқ, пул, Душанбе”, ки яке аз филмҳои дарозмуддати тоҷик аст, ҳамроҳ бо Набиҷон буданд.
Абдухалил Бӯриев, наворбардор ва ҳунарманди филм зимни суҳбат бо Oila.tj гуфт, филм 20-30 қисм ё шояд зиёдтар шавад.
"Чӣ қадаре, ки тавонистем сенарияро дарозтар нависем, ҳамон қадар филм дароз хоҳад шуд. Овозае, ки гӯё дар филм ҳунармандони хориҷӣ нақш меофаранд, дурӯғ аст. Дар оянда шояд дигар ҳунармандон бозӣ кунанд дар нақши иловагӣ, аммо дар нақши асосӣ ҳамаи ҳунармандоне ҳастанд, ки дар сериали пешина буданд", - гуфт Абдухалил.
Ёдовар мешавем, ки Набиҷон Пирматов муаллиф ва коргардони филмҳои сербинандаи “Аруси замонавӣ”, “Домоди замонавӣ” ва “Ишқ, пул, Душанбе” аст.