Аз 16-ум то 23-юми апрели соли равон дар пойтахти Русия шаҳри Маскав синамоҷашнвораи байналмилалӣ баргузор гашта, филми синамогарони тоҷик “Моҳӣ дар шаст” низ дар ин ҷашнвора ширкат хоҳад кард.
Коргардони филм Муҳиддини Музаффар зимни суҳбат бо журналистон гуфтааст, ки филми ҳунарии “Моҳӣ дар шаст” дар Маскав рӯзи 19-уми апрел ба намоиш гузошта мешавад. Аз байни 1500 дархост танҳо 200 филм ба ҷашнвораи мазкур қабул карда шудаанд.
Хотиррасон менамоем, ки “Моҳӣ дар шаст” филми муштараки Тоҷикистону Эрон буда, аллакай дар 6 синамоҷашнвора иштирок намудааст ва 5 ҷоиза ба даст овардааст.