Arzon march 2024
Филми “Хусури ман“ баъди тӯйи Эмину Зайнаб ба охир мерасад?
1893

Шумо мухлиси филми ҳаҷвии “Хусури ман“ ҳастед? Овозаест, ки баъди тӯй шудани Эмину Зайнаб дар қисми 15, филм чанд қисми дигар ҳасту ба охир расида истодааст. Мехоҳед бидонед, ки ин филм ба охир расидааст ё ҳоло давом дорад? Пас мутаваҷҷеҳ бошед!

Филми ҳаҷвии “Хусури ман” яке аз сермухлистарин филмҳои тоҷикӣ ба шумор меравад, ки миллионҳо мухлис дорад. Тамоми қисмҳои ин филмро дар як муддати кӯтоҳ миллионҳо нафар тамошо мекунанд. Қисми 15-уми ин филм, ки қаҳрамонҳои асосӣ Эмину Зайнаб ба ҳам тӯй шуданд, боз дар сегменти тоҷикии “Ютуб” рекорди нав гузошт. Ҳамагӣ дар муддати 22 соат зиёда аз 1 миллион нафар онро тамошо карданд. Баъди ин қисм, ки Эфину Зайнаб тӯй шуданд, ҳамагӣ гумон карданд, ки ин филм ба охир расида истодааст.

Тавре худи коргардон Набиҷон Пирматов дар пахши мустақим дар шабакаи “Инстаграм” қайд карданд, филм ба охир нарасидааст. Ҳоло ҷойҳои шавқовари ин филм нав оғоз гардида истодааст. Танҳо мухлисон бояд интизори қисмҳои дигари филм бошанду дастгирии хешро дареғ надоранд. Ҳамзамон, ӯ ёдовар шуд, ки қисми 16-уми филм аввалҳои моҳи октябр пешниҳоди ҳаводорони ин филм мегардад.

Гулноза Хоҷаева, иҷрокунандаи нақши Зайнаб дар филм ҳам зимни суҳбат бо сомонаи Oila.tj гуфт, ки "албатта, баъди тӯйи Эмину Зайнаб филм ба охир намерасад. Дигар қисмҳои филм ҳам ба мисли қисми 15 шавқовару тамошобоб хоҳанд буд". 

Умедворем, ки қисмҳои дигари филм боз ҳам ҷолибтару тамошобоб мешаванд!

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД