1xbet
Фестивали дӯстии ҷавонон-2025 оғоз гардид
16.06.2025
Oila.tj
114

Бо ташаббуси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳру ноҳияҳои Норак, Данғара, Темурмалик, Кӯлоб ва Муъминобод меҳмонии ҷавонон ва Фестивали дӯстии ҷавонон - 2025 оғоз гардид.

Бино ба иттилои Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши кишвар, меҳмонӣ аз 16 то 20-уми июн бо иштироки зиёда аз 120 нафар ҷавонони фаъоли мамлакат доир мешавад. Дар доираи меҳмонии ҷавонон дар ин шаҳру ноҳияҳо барномаҳои гуногун, аз ҷумла ҳамоишу фестивал, машварату барномаи консертии «Шоми ҷавонӣ» доир шуда, баргузории бозиҳои гуногуни варзишӣ низ дар назар аст. Инчунин иштирокчиён бо мавзеъҳои таърихии ин ноҳия шинос мешаванд.

- Фестивал бо мақсади васеъ намудани ҷаҳонбинии ҷавонон, шиносоӣ бо фарҳанги ниёгон, урфу одат ва меҳмоннавозии миллати тоҷик, маданияти шаҳрдорӣ, дӯстии ҷавонон, тарбия намудани ҷавонон дар руҳияи ватандӯстӣ, арҷгузорӣ ба арзишҳои миллӣ ва таҳкими сулҳу субот дар мамлакат баргузор карда мешавад,- меафзояд манбаъ.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД