Arzon march 2024
Фестивали байналмилалии ҷавонон Navruz YouthWorld Festival дар Душанбе
201

Дар пойтахти кишварамон - шаҳри Душанбе аз 15 то 21-уми марти соли равон Фестивали байналмилалии ҷавонон Navruz Youth World Festival баргузор хоҳад гашт. Дар ин бора масъулини Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш зимни суҳбат бо расонаҳо хабар додаанд.
Фестивал ба ҷашни байналмилалии Наврӯз бахшида шуда, дар он ҷавонони фаъол аз 30 кишвари дунёи иштирок хоҳанд кард.
Ҳадафи чорабинии мазкур тарғиби расму оинҳои наврӯзии кишварҳои гуногун буда, умед меравад, ки ин фестивал ба боз ҳам мустаҳкамтар гаштани дӯстии байни ҷавонон мусоидат менамояд.
Ҳайатҳои намояндагии ҷавонон аз кишварҳои гуногуни олам 15-уми март ба Душанбе ташриф оварда, ҳамчун рамзи дӯстӣ ва шукуфоӣ 16-уми март дар “Боғи Ғалаба” дарахт мешинонанд.
Рӯзи 17-уми март иштирокчиёни фестивал ба шаҳри Панҷакент сафар карда, гӯштингирӣ ва базмҳои наврӯзиро тамошо мекунанд, сипас аз Истаравшан, Хуҷанд ва дигар шаҳрҳои бостонии вилояти Суғд дидан мекунанд.
Санаи 19-уми март дар шаҳри Хуҷанд Форуми ҷавонони Тоҷикистон ва Ӯзбекистон таҳти унвони “Ҳамкорӣ ба хотири рушди устувор” баргузор мегардад, шоми ҳамон рӯз барномаи рангини консертӣ ба ифтихори маросими расмии пӯшидашавии фестивал дар назар дошта шудааст.
Рӯзи 20-уми март иштирокчиёни фестивал ба шаҳри Душанбе бармегарданд. Маросми гусели меҳмонон 21-уми март баргузор мегардад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД