Дар идомаи тағйироти кадрӣ Бунафша Файзиддинзода, раиси шаҳри Левакант, ҳам аз мақомаш озод карда шуд.
Маълум нест, ки кӣ ба ҷойи ӯ раиси шаҳри Левакант таъин шудааст.
Файзиддинзода, ки дар гузашта муовини раиси ноҳияи Данғара ва шаҳрдори Леваканти Хатлон буд, ба ҷойи Ҳилолбӣ Қурбонзода раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин шудааст.
Тағйироти кадрӣ дар дигар сохторҳои Ҳукумат идома дорад.