Ин навбат бо ҳунарманди маҳбубу хушовоз Файзалӣ Фозилов дар бобати ҳунар, овозхонҳои хасакӣ, матнҳои сурудҳо, таъсири шабакаҳои иҷтимоӣ ба ҳунарманд, ҳолати кунунии шоу-бизнеси тоҷик ва як нақшаи калони ӯ суҳбат кардем.
Агарчи ҷавонед, вале ҳақ надорем шуморо сарояндаи ҷавон гӯем, зеро дар санъати тоҷик, махсусан равияи эстрада солҳои зиёд аст, ки номатон дар радаи аввал ҷойгир аст ва маҳбуби мардум гаштаед, аммо бо вуҷуди ин мусоҳибаҳои шуморо кам мехонему кам мебинему кам мешунавем. Бо ин сабаб мехоҳем аз чӣ гуна интихоб кардани роҳи санъат ба мо бигӯед?
Чун волидон ҳамеша талқин мекарданд, ки интихоби касб аз ҷумлаи муҳимиятҳои махсус барои ҳар инсон аст, интихоби роҳи санъатро ман аз рӯи шавқу завқ кардаам, на барои худнамоӣ ё шуҳратёбӣ. Фикр мекунам, овозхонӣ дар хуни ман буд ва бо гузашти солҳо дар худ ҳунарро сайқал додам ва ба қарори қатъӣ омадам, ки роҳи ман ҳамин аст.
- Шумо дар пайраҳаи тайкардаатон кадом мушкилиҳоро паси сар намудед?
- Худситоӣ нашавад, вале вақте ки шахс худро фодои касбаш мекунад, ҳеҷ мушкилро эҳсос намекунад ва ман чунинам. Ин пешаро ман дӯст медорам ва аз корам танҳо лаззат мебарам.
Бо вуҷуди он ки дар ҷомеа ҷумлаи "роҳи санъат бисёр роҳи душвор аст"-ро бисёр мешунавем, вале боз ҳам сарояндагон зиёд ҳастанду ин пешаро ҷавонон зиёд интихоб мекунанд. Чаро чунин аст?
- Дуруст қайд кардед, ба ном овозхонҳо хеле зиёд шудаанд. Ба фикри шахсии ман сабаби ягона ин шуҳратталабист. Яъне, бархеҳо мехоҳанд бо як роҳе миёни мардум шинохта шаванд ва худро овозхон муаррифӣ карда, аз ин пеша нон ёбанд.
Шумо аз ҷумлаи ҳунармандоне ҳастед, ки даҳсолаҳо рӯйи саҳнаи калонед. Ҳастанд ҷавононе, ки назди шумо шогирд истода, нозукиҳои ин касбро аз шумо омӯзанд?
- Чун медонам дар ин роҳи душвор бе устод ва роҳнамо сабзидан душвор аст, ҳар касе, ки барои омӯхтан чизе мепурсад ё мехоҳад нозукиҳои ин касбро аз худ кунад, ба кумак кардан омодаам. Шукр, ҳоло чанд кас дар паҳлуи ман ҳаст, ки ба қавле муносибати устодию шогирдӣ дорем.
Чаро то ҳол ягон консерти яккаи худро барпо накардаед?
- Дуруст аст, ки то имрӯз ягон консерти яккаи худро ташкил ва манзури мухлисонам накардаам, аммо ният ва орзу дорам, ки ин қарзро назди шунавандагонам адо намоям.
Шумо овозхони касбӣ ҳастед, вақте ки ба сурудҳои ба қавле бемазмун дучор меоед, чӣ гуна бархӯрд мекунед?
- Суруди бемазмун умри кутоҳ дорад. Ман онҳоро на гӯш ва на дар бораи овозхонҳояшон фикр мекунам.
- Матнҳои таронаҳои шумо мазмуни баланд доранд, чӣ гуна онҳоро интихоб мекунед?
- Аслан, қисми зиёди сурудҳои ман фармоишӣ ҳастанд ва қисми зиёди матнҳои эҷодиётам аз бузургони тоҷику форс мебошанд. Ҳар ҳунарманде, ки худашро, санъатро ва мухлисонашро қадр мекунад, ҳатман матнҳои маънидор месарояд.
- Ҳоло банди кадом корҳо ҳастед?
- Пайи корҳои эҷодӣ ҳастам. Болои матну оҳангу намоҳанги нав кор карда истодаам, то ки пешкаши ҳаводоронам намоям.
- Шумо аз ҷумлаи овозхонҳое ҳастед, ки дар интернет маҳсули эҷодашон бо вуҷуди хуб будан тамошобини кам дорад. Яъне, чаро мисли дигар ҳунармандон сурудҳоятон миллионҳо "просмотр" намегиранд?
- Шабакаҳои иҷтимоӣ майдони хубанд барои муаррифӣ, аммо чун мо вақти зиёдамонро барои пешбурди онҳо сарф намекунем, камтар шинохта ҳастем. Аз оне ки ҳоло ягон суруди ман дар интернет миллион маротиба бозбинӣ нашудааст, ғамгин нестам, зеро медонам, ки миллионҳо аз пешанд.
- Ба андешаи шумо ҳолати кунунии шоу-бизнеси тоҷик чӣ гуна аст?
- Фикр мекунам, шоу-бизнеси тоҷик ҳолати хуб надорад, балки ногувор аст.
- Тавре медонем, ҳунармандони дигар кишварҳо, барои мисол Русия аз ҳисоби овозхонӣ миллионҳо даромад доранд ва ҳатто дар рӯйхати “Forbes” дохил мешаванд. Оё дар мо ҳам бо касби овозхонӣ миллионер шудан мумкин аст?
- Барои ба чунин мартаба расидан, хеле вақт лозим аст, зеро дар он давлатҳо санъатро ба намуди дигар қабул кардаанд. Дар ҳоли ҳозир мушкили асосӣ дар он аст, ки дастгири асили санъат надорем. Аммо умед мебандем, ки дар оянда чунин шахсон пайдо мешаванд.
- Дар кишвари мо овозхонҳоро чӣ гуна қадр мекунанд?
Овозхонҳои хасакиро касе қадр намекунад, вале нисбат ба ҳунармандони ҳирфаӣ хеле хуб арҷгузорӣ мешавад.
- Шумо чӣ гуна сурудҳо гӯш мекунед?
- Аксар вақт, шахс сурудеро гӯш кардан мехоҳад, ки ба ҳолати доштааш наздик бошад, дардошно гардад ва ҳамрози ҳамон лаҳзааш бошад. Одатан сурудҳои ороме, ки матнашон маънӣ дорад, гӯш мекунам.
- Ба ҷуз овозхонӣ боз чӣ ҳунар ё машғулият доред?
- Фикр мекунам, санъаткорӣ аз ҷумлаи касбҳоест, ки агар пурра ба он рӯ наорӣ ва ҳама кӯшишу заҳматро накунӣ, муваффақ намешавӣ. Мақсадам ин аст, ки барои шуғле пайдо кардану вақтамро дигар тараф истифода намудан ҳеҷ гоҳ фурсат надоштам, зеро худамро танҳо дар санъат шинохтам ва дидан хостам.
- Ба фикри шумо оё меарзад, ки як умрро ба овозхонӣ бахшӣ?
- Бале, агар чанд умр медоштам ҳам, ба санъат мебахшидам.
- Чӣ нақшаҳои эҷодӣ доред?
- Нақшаҳо зиёданд, аммо нақшаи асосӣ ин ташкили консерти якка бо овози зинда аст.
Мусоҳиб
Сино ТОҲИРӢ