Чанде пеш дар шаҳри Душанбе консерти сарояндаи саршиноси ӯзбек Ботир Қодиров баргузор шуд. Ҳамагон медонанд, ки Ботир Қодиров фарзанди аршади ҳунарманди бузург, шодравон Шералӣ Ҷӯраев аст, вале кам касон шояд донанд, ки ӯ зодаи Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
Шералӣ Ҷӯраев - дӯсти тоҷикон
Ҳунарманди сар то по ҳунар, ҳофизи булбуловоз, навозандаи чирадаст, шоир ва оҳангсози бомаҳорат Шералӣ Ҷӯраев натанҳо дар ватанаш Ӯзбекистон, балки дар Тоҷикистон низ садҳо ҳазор мухлису ҳаводор дорад.
Шодравон Шералӣ Ҷӯраев зодаи Андиҷон (тав. 1947 – ваф. 2023) буда, дастпарвари Донишкадаи театри бадеии ба номи Маннон Уйгури шаҳри Тошкент мебошад. Истеъдоди воло, овози махмалин ва сабки хоси сарояндагиаш ин ҳунарманди хушзавқро дар муддати кӯтоҳ машҳур намуда, азизи дили ҳазорон-ҳазор дилбохтагони суруду мусиқӣ гардонд.
Мурғи шӯҳрати ин марди ҳунар дар осмони санъат хеле баландпарвоз буд ва ҳанӯз замони шӯравӣ дар саросари кишвари абарқудрати ИҶШС ва мамолики Шарқ шӯҳрату маҳбубияти хоси худро дошт. Шералӣ Ҷӯраевро дар Тоҷикистон низ хурду калон хуб мешинохтанд, эҳтиром мекарданд ва дӯст медоштанд. Таронаҳои дилчаспи ин ҳунарманди ӯзбек вирди забони мухлисони тоҷикистониаш буданд.
Ҳамчунин, Шералӣ Ҷӯраев ба тоҷикӣ низ чандин тарона, аз ҷумла, «Ушшоқи Самарқанд», «Намак дар комҳо…», «Эй ҷони ман аз ман марав», “Муҳаббат” ва ғайраҳоро бо маҳорати баланд иҷро кардааст. Ҳамин буд, ки Ҳунарманди халқии Ӯзбекистон Шералӣ Ҷӯраев соли 2018 бо унвони баланди Ҳунарманди халқии Тоҷикистон сазовор дониста шуд.
Шералӣ Ҷӯраев расман соҳиби 5 фарзанд аст, ки ду нафари онҳо Шоҳҷаҳон ва Зоиршоҳ роҳи падарро идома дода, имрӯз сарояндагони маъруфи кишвари хеш ҳастанд.
Вале солҳои охир маълум шуд, ки Шералӣ Ҷӯраев фарзанди шашум ҳам доштааст.
Фарзанди шашуми Шералӣ Ҷӯраев
Фарзанди Шералӣ Ҷӯраев, ки солҳои охири умри ҳунарманд аз худ дарак дод, Ботир Қодиров буда, имрӯзҳо худ сарояндаи саршиноси Ӯзбекистон аст.
Аҷиб он аст, ки Ботир зодаи шаҳри Душанбе аст. Қиссаи дар Душанбе таваллуд шудани вай ҳам ҷолиб аст. Вақте модари вай аз Шералӣ Ҷӯраев ҳомила мешавад, ҳанӯз ба синни никоҳӣ нарасида буд. Бинобар ин, пинҳонӣ ба Тоҷикистон меояд ва соли 1981 Ботирро таваллуд мекунад.
Мувофиқи иттилои худи Ботир Қодиров, ки аз модараш шунидааст, онҳо дар як ҳавлӣ, наздикии собиқ бозори Шоҳмансур (Зеленый бозор) иқомат кардаанд ва баъди ду сол ба Ӯзбекистон баргаштаанд.
Устоди санъат Шералӣ Ҷӯраев бо сабаби нигоҳ доштани устувории оилаи нави худ, муносибатро пурра бо модари Ботир ва фарзандаш кандааст. Баъдан, вақте Ботир донишҷӯ мешавад, Шералӣ Ҷӯраев аз ӯ хоҳиш мекунад, ки насабашро аз Ҷӯраев ба Қодиров иваз кунад.
Вале офтобро бо доман пӯшонида намешавад. Ҳамин тавр, ин сир аввал байни мардум, баъдан миёни аҳли санъат ва ахиран, дар поёни умри Шералӣ Ҷӯраев ба расонаҳо роҳ ёфт...
Баҳси судӣ
Дар замони зинда будани Шералӣ Ҷӯраев масъалаи фарзанди шашуми ӯ гарчанде дар расонаҳо пайдо шуда буд, вале ду ҷониб кӯшиш мекарданд, ки дар ин маврид зиёд ҳарф назананд. Вале ҳамагон медонистанд, ки Ботир Қодиров фарзанди Шералӣ Ҷӯраев аст.
Баъди вафоти Шералӣ Ҷӯраев баҳси фарзанди шашумаш ба суд ирсол ва расонӣ шуд. Ботир Қодиров 19-уми марти соли 2024 ба суд бо ариза муроҷиат кард. Дар ариза Ботир Қодиров гуфта буд, ки Шералӣ Ҷӯраев падари биологии ӯ аст ва барои исботи ин гуфтаҳо далелҳои кофӣ низ дорад.
“Ман маҷбур шудам онҳоро ба суд кашам, зеро онҳо (Зоҳирҷон ва Шоҳҷаҳон Ҷӯраевҳо, писарони Шералӣ Ҷӯраев) бар зидди шаъну шарафи модарам сухан гуфтанд. Ман аз бародаронам чизе намехоҳам ва ба пулу мерос ниёз надорам”,- шарҳ дода буд ӯ.
Суд факту далелҳоро омӯхта, моҳи сентябр расман эълон кард, ки Ботир воқеан фарзанди Шералӣ аст.
Хабаргузории Kun.uz иттилоъ медиҳад, ки дар қарори суд гуфта шудааст, ки дар сутуни “падар”-и шаҳодатномаи таваллуди Ботир Қодиров навиштаи “Шералӣ Ҷӯраев, соли таваллуд–1945, миллат-ӯзбек” ҷой дода шавад.
Ба молу сарват ниёз надорам
Вале баъди қарори суд ҳам Зоҳиршоҳ – фарзанди Шералӣ Ҷӯраев норозигии худро баён намуд. Ин боис шуд, ки Ботир Қодиров ба бародаронаш муроҷиати видеоӣ кунад.
Дар ин навор Ботир Қодиров мегӯяд, ки аз он ки бо бародаронаш вориди баҳси судӣ шуд, афсӯс мехӯрад, зеро ӯ “тарафдори нифоқ ва бадбинӣ” нест. Ботир Қодиров мегӯяд, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ бисёрирҳо менависанд, ки ӯ ба хотири сарвати Шералӣ Ҷӯраев ба суд муроҷиат кардааст. “Ман борҳо гуфтаам ва боз ҳам мегӯям, ки мақсади ман пулу мол нест, ман ба молу сарват ниёз надорам”-гуфт сароянда.
Ботир Қодиров имрӯзҳо дар санъати Ӯзбекистон мақом ва ҷойгоҳи худро дорад. Ихлосмандони ҳунари ӯ дар Тоҷикистон низ зиёд ҳастанд. Сароянда чанде пеш дар зодгоҳи худ шаҳри Душанбе бо мухлисонаш вохӯрд.