Марям Узерлӣ, ҳунарпеша ва модели 37-солаи турки олмонитабор барои дубора модар шудан омодагӣ мебинад. Дар ин бора худи ҳунарпеша хабар додааст. “Дар моҳи панҷуми ҳомиладорӣ қарор дорам. Бояд моҳи январ таваллуд кунам. Тифли батнам духтарча аст.
Лара ҳам кайҳост, ки дар интизори додарак ё хоҳарак мебошад”,-гуфтааст ҳунарпеша дар суҳбат бо рӯзномаи “Sabah”. Марям Узерлӣ қаблан бо соҳибкори турк Ҷон Атеш муносибатҳои ошиқона доштанд, вале бо сабабҳои номаълум моҳи августи соли 2013 ҳунарпеша эълон кард, ки онҳо аз ҳам ҷудо шудаанд. Ҳамчунин, охири моҳи августи ҳамон сол Марям хабар дод, ки дар моҳи чоруми ҳомиладорӣ қарор дорад. Ҳамин тавр, нахустфарзанди ҳунарпеша Лара 10-уми феврали соли 2014 ба дунё омад.
Ҷон Атеш аз Лара даст кашидааст ва кӯмаки моддӣ низ намерасонад. Тифли батни Марям аз ошиқи наваш мебошад, ки онҳо як сол боз дар шаҳри Берлини Олмон зиндагӣ доранд. Ҳунарпеша шахсияти мардро ифшо накарда, ҳамин қадар гуфтааст, ки ӯ зодаи Амрикост ва ният доранд, ки дар наздиктарин фурсат оиладор шаванд. Марям Узерлиро дар Тоҷикистон бо шарофати силсилафилми туркии “Асри мӯҳташам”, ки ҳунарпеша нақши Хуррам-султонро бозидааст, мешиносанд.