Пӯшондани рози дигарон яке аз нишонаҳои асосии ҷавонмардӣ мебошад. Дар китоби муқаддаси Қуръон низ омадааст, ки касе гуноҳи як бандаи мӯъминро пӯшонад, фардои қиёмат Аллоҳи бахшояндаву меҳрубон гуноҳҳои ӯро мепӯшонад, вале солҳи охир иддае аз мардон бо роҳи таҳдид ва “шантаж” аз дигарон, хоса аз занони роҳгумзада пули калон ситониданро ба худ касб намудааст.
Суди ноҳияи Шаҳринав чунин як марди тамаъҷӯйро барои “шантаж кардани як ҷавонзани тоҷик ба мӯҳлати беш аз 10 сол равонаи зиндони низмаш пурзӯр намуд..
Фаррух Юсуповро додгоҳи ноҳияи Шаҳринав бар асоси қисми дуюми моддаи 250-и Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон дар тамаъҷӯӣ муттаҳам намуда, ба 10 солу 6 моҳи зиндони низомаш пурзӯр маҳкум кардааст. Тавре ки маркази матбуоти Прокуратураи генералии Тоҷикистон дар шаҳри ин парванда гуфтааст:
“Юсупов Фаррух Мирзомуминович, сокини н. Шаҳринав бо мақсади бо роҳи тамаъҷӯӣ ситонидани пулу моли муфт рӯзи 26 -уми феврали соли 2022 ба шаҳрванд А.А.А., соли таваллудаш 1999, сокини деҳаи Д. ноҳияи Шаҳринав занг зада, талаб кардааст, ки 5000 сомонӣ диҳад, дар акси ҳол аксҳо ва маълумоти беобрӯкунанда (бадномкунанда)-ро дар бораи ӯ ифшо намуда, дар байни мардум беобрӯяш месозад. Ҷабрдида аз тарси шармандагӣ худи ҳамон рӯз соати 11:00 маблағи 5000 сомониро ба Юсупов Ф.М. дар беморхонаи марказии ноҳияи Шаҳринав додааст ва баъди гирифтан пул Юсупов ба самти номаълум ғайб задааст...”
Тафсилоти дигар ин парванда оварда нашудааст ва маълум нест, ки гунаҳкор бо ҷабрдида чи муносибат доштаву аксҳо чи гуна бардошта шудаанд, вале умедворем, ки ба мӯҳлати беш аз 10 сол равонаи зиндон гаштани Фаррух ба дигар мардони тамаъҷӯй, ки бо рҳи “шантаж” кардани занон зиндагии худро пеш бурдан мехоҳанд, дарси ибрат гашта, минбаъд аз чунин амалҳои ноҷавонмардона даст мекашанд.
Пӯшондани рози дигарон яке аз нишонаҳои асосии ҷавонмардӣ мебошад. Дар китоби муқаддаси Қуръон низ омадааст, ки касе гуноҳи як бандаи мӯъминро пӯшонад, фардои қиёмат Аллоҳи бахшояндаву меҳрубон гуноҳҳои ӯро мепӯшонад, вале солҳи охир иддае аз мардон бо роҳи таҳдид ва “шантаж” аз дигарон, хоса аз занони рҳгумзада пули калон ситониданро ба худ касб намудааст. Суди ноҳияи Шаҳринав чунин як марди тамаъҷӯйро барои “шантаж кардани як ҷавонзани тоҷик ба мӯҳлати беш аз 10 сол равонаи зиндони низмаш пурзӯр намуд..
Фаррух Юсуповро додгоҳи ноҳияи Шаҳринав бар асоси қисми дуюми моддаи 250-и Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон дар тамаъҷӯӣ муттаҳам намуда, ба 10 солу 6 моҳи зиндони ниҳомаш пурзӯр маҳкум кардааст. Тавре ки маркази матбуоти Прокуратураи генералии Тоҷикистон дар шаҳри ин парванда гуфтааст:
“Юсупов Фаррух Мирзомуминович, сокини н. Шаҳринав бо мақсади бо роҳи тамаъҷӯӣ ситонидани пулу моли муфт рӯзи 26 -уми феврали соли 2022 ба шаҳрванд А.А.А., соли таваллудаш 1999, сокини деҳаи Д. ноҳияи Шаҳринав занг зада, талаб кардааст, ки 5000 сомонӣ диҳад, даракси ҳол аксҳо ва маълумоти беобрӯкунанда (бадномкунанда)-ро дар бораи ӯ ифшо намуда, дар байни мардум беобрӯяш месозад. Ҷабрдида аз тарси шармандагӣ худи ҳамон рӯз соати 11:00 маблағи 5000 сомониро ба Юсупов Ф.М. дар беморхонаи марказии ноҳияи Шаҳринав додааст ва баъди гирифтан пул Юсупов ба самти номаълум ғайб задааст...”
Тафсилоти дигар ин парванда оварда нашудааст ва маълум нест, ки гунаҳкор бо ҷабрдида чи муносибат доштаву аксҳо чи гуна бардошта шудаанд, вале умедворем, ки ба мӯҳлати беш аз 10 сол равонаи зиндон гаштани Фаррух ба дигар мардони тамаъҷӯй, ки бо рҳи “шантаж” кардани занон зиндагии худро пеш бурдан мехоҳанд, дарси ибрат гашта, минбаъд аз чунин амалҳои ноҷавонмардона даст мекашанд.