Номи Фаррух Ҳасанов баъди ширкаташ дар марҳилаи ниҳоии мавсими панҷуми сабқати овозхонии “Ну-ка, все вместе!” дар шабакаи телевизионии “Россия 1” маъруф шуд.
Ӯ 20 июли соли 1998 дар шаҳри Душанбе таваллуд шуда, миллаташ тоҷик аст. Дар кӯдакӣ Фаррух қобилиятҳои эҷодиро дар худ кашф карда, дар баробари таҳсил дар мактаби миёна дар мактаби мусиқӣ низ таҳсил мекард, аммо чун замони интихоби касб фаро расид, ӯ тарҷумону забоншиносиро пеша кард.
Баъди хатм Ҳасанов аз рӯи ихтисоси худ кор кард, вале шавқу ҳаваси мусиқӣ, ки аз хурдсолӣ дар замираш пайдо шуда буд, ӯро барои бозгашт ба саҳнаҳои калон водор мекарданд.
Ниҳоят, Фаррух тасмим гирифт, ки сарнавишти худро тағйир медиҳад ва ба эҷодкорӣ ҷиддӣ машғул шуд.
Ҳасанов бо ширкати худ дар Озмуни байналхалқии телевизионии «Осиёи Миёна истеъдод дорад» (Central Asia's Got Talent), ки дар он ба финал баромад, қадами ҷиддитаринашро ба саҳнаи касбӣ гузошт.
Баъди ин, ӯ бо скрипка ва гитара барои хориҷиён мустақим таронаҳоро бо забони тоҷикӣ ва русӣ, инчунин, хитҳои хориҷиро месуруд.
Оҳиста-оҳиста Фаррух аз бозхонӣ ба иҷрои таронаҳои аслӣ гузашт. Суруди ошиқонаи «Дар саҳар», «Шейла», «Лейли», «Реза борон» ва чанд таронаи дигар, ки барояшон видеоклипҳо низ ба навор гирифта шудаанд, ӯро сазовори муҳаббати шунавандагон гардониданд.
Бояд гуфт, ки Ҳасанов то имрӯз дар бораи ҳаёти шахсиаш маълумот надодааст. Танҳо маълум аст, ки Фаррух Ҳасанов оиладор буда, рӯзгори хушбахтона дорад.
«Аз рӯи ихтисос ман тарҷумон ва забоншинос ҳастам. Аммо муддати тӯлонӣ бо мусиқӣ машғулам. Дар он оромӣ ёфтаму як ҷаҳони дигар”, - гуфтааст сароянда дар бораи худ.
Фаррух барои ширкаташ дар сабқати овозхонии “Ну-ка, все вместе!” таронаи “Lovely”-ро аз репертуари Билли Эйлиш ва Холид омода кард, ки бо он қаблан доварони лоиҳаи Осиёи Миёнаро мафтун карда буд. Ҳамин ки ба саҳна ворид шуд, дарҳол таваҷҷӯҳро ҷалб кард.
Ҳайати доварон баромадашро 94 хол баҳо доданд, ки ин барои ба даври нимфинал роҳ ёфтан кифоя набуд. Дар даври дигар Фаррух суруди хити Аркадаро аз репертуари ғолиби Eurovision 2019 Дункан Лоуренс ба таври олӣ иҷро карда, ҳарифаш Вахагн Минасянро мағлуб намуд ва бо 99 хол ба даври нимфиналии лоиҳа роҳхат гирифт.
Ӯ дар даври ниманиҳоӣ композитсияи дуэтии JONY ва ANNA ASTI “Чӣ тавр метавонам ишқи туро фаҳмам?”-ро пешкаш кард ва мутахассисонро ба по хезонд. Бо ин натиҷа ҳунарманди тоҷикистонӣ ғолиби даври ниманиҳоӣ ва финалисти автоматӣ гардид.
Ҳарчанд мавсими панҷуми озмуни “Ну-ка, все вместе!” 8 сентябри соли 2023 оғоз ёфт, ҳунарнамоии Фаррух Ҳасанов бо ин таронаи машҳур шоми 17-ноябр нашр шуд. Роҳбари ҳайъати ҳакамони озмун овозхони шинохтаи рус Сергей Лазарев ҳунарнамоии Фаррухро “фавқулодда” номида, гуфт, ки ӯ ин таронаро аз Ҷонни ва Анна Асти ҳам беҳтар иҷро кард. Лазарев гуфт, дар ҳайрат аст, ки чаро ӯ 97 имтиёз гирифт, на 100”, зеро ба қавли сароянда Ҳасанов дар ҳар як садои ин тарона зиндагӣ дошт, ба худ метапид ва месӯхт, ки ин хеле олист! Ӯ сарояндаи тоҷикро “яке аз ҳунармандони аз ҳама барҷастаи ин мавсим” эълон кард.
Сомонаи расмии озмун Смотрим.РУ низ аз ҳунарнамоии овозхони тоҷик тавсиф карда, навишт, ки Фаррух Ҳасанови 25-сола аз Тоҷикистон ба маънои томаш доваронро бо маҳорат ва садои нотакрораш моту маҳбут кард. Ӯ қабл аз баромадан ба саҳна хеле ҳаяҷонӣ ба назар мерасид, вале тамоми нирӯяшро ҷамъ оварда, ҳунарнамоии олӣ кард.
Худи Фаррух баъди ҳунарнамоияш ба ин сомона гуфтааст, ин як кори фавқулодда буд ва дар чунин лаҳзаҳои фараҳбахш ӯро танҳо як чиз ангеза медоду мехост пурра ба эҷод дода шавад ва исбот кунад, ки ӯ кист ва ба чӣ қодир аст? “Бигзор ҳама донанд, ки тоҷикҳо кистанд”, - гуфт Фаррух.
Ба иқрори сароянда Фаррух Ҳасановро барои шуруъ кардани фаъолияти мусиқавии худ таронаҳои сарояндаи машҳури амрикоӣ Ҷастин Бибер ташвиқ намудаанд ва Фаррух орзу дорад, ки бо ӯ дар як саҳна суруд хонад.
Ӯ ҳарчанд зодаи Душанбе аст, вале сайёҳатро зиёд дӯст медораду бештар дар мамолики хориҷӣ, чун Олмон ва Белгия мечархад. Бинобар ин, дигарон аксар вақт Фаррухро ба амрикоиву итолиёвӣ шабеҳ мекунанд.